“Сомон Эйр” аз Хуҷанд ба Урумчӣ хатсайри мустақим роҳандозӣ мекунад

Asia-Plus

Ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” парвозҳои мустақими мунтазамро бо хатсайри Хуҷанд-Урумчӣ-Хуҷанд ба роҳ мемонад. Акнун сокинони Хуҷанд имкон пайдо мекунанд, ки мустақиман аз шаҳри худ ба Урумчӣ сафар кунанд.

Тавре ки хадамоти матбуоти ширкати ҳавопаймоӣ хабар медиҳад, парвози аввалин бо ин хатсайр рӯзи 16 май сурат мегирад.

Дар ширкат зикр карданд, ки парвозҳо аз Хуҷанд ба Урумчӣ ҳафтае як маротиба рӯзҳои панҷшанбе ва бозпас – рӯзҳои ҷумъа анҷом дода мешаванд.

Вақти парвоз аз Хуҷанд ба Урумчӣ соати 21:00 вақти маҳаллӣ ва аз Урумчӣ ба Хуҷанд – соати 04:00 вақти маҳаллӣ муқаррар шудааст.

Ҳамаи парвозҳо бо ҳавопаймоҳои тамғаи Боинг 737-800 ва Боинг 737-900 анҷом дода мешаванд.

Айни замон ширкати “Сомон Эйр” аз Душанбе ба Урумчӣ парвозҳо анҷом медиҳад. Парвозҳо рӯзҳои сешанбе ва ҷумъаи ҳафта сурат гирифта, вақти парвоз соати 22:30 бо вақти маҳаллӣ ва аз Урумчӣ ба Душанбе рӯзҳои чоршанбе ва шанбе соати 03:30 ба вақти маҳаллӣ муқаррар шудааст.

Ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” айни замон парвозҳоро аз Тоҷикистон ба Олмон, Амороти Муттаҳидаи Араб, Туркия, Чин, Ҳиндустон, Арабистони Саудӣ, Эрон, Русия, Қазоқистон ва Ӯзбекистон муваффақона анҷом медиҳад.

Ширкат ҳавопаймоҳои Боинг 737-800 ва Боинг 737-900-ро дар ихтиёр дорад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...