“Сомон Эйр” аз Хуҷанд ба Урумчӣ хатсайри мустақим роҳандозӣ мекунад

Ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” парвозҳои мустақими мунтазамро бо хатсайри Хуҷанд-Урумчӣ-Хуҷанд ба роҳ мемонад. Акнун сокинони Хуҷанд имкон пайдо мекунанд, ки мустақиман аз шаҳри худ ба Урумчӣ сафар кунанд. Тавре ки хадамоти матбуоти ширкати ҳавопаймоӣ хабар медиҳад, парвози аввалин бо ин хатсайр рӯзи 16 май сурат мегирад. Дар ширкат зикр карданд, ки парвозҳо аз Хуҷанд ба […]

Asia-Plus

Ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” парвозҳои мустақими мунтазамро бо хатсайри Хуҷанд-Урумчӣ-Хуҷанд ба роҳ мемонад. Акнун сокинони Хуҷанд имкон пайдо мекунанд, ки мустақиман аз шаҳри худ ба Урумчӣ сафар кунанд.

Тавре ки хадамоти матбуоти ширкати ҳавопаймоӣ хабар медиҳад, парвози аввалин бо ин хатсайр рӯзи 16 май сурат мегирад.

Дар ширкат зикр карданд, ки парвозҳо аз Хуҷанд ба Урумчӣ ҳафтае як маротиба рӯзҳои панҷшанбе ва бозпас – рӯзҳои ҷумъа анҷом дода мешаванд.

Вақти парвоз аз Хуҷанд ба Урумчӣ соати 21:00 вақти маҳаллӣ ва аз Урумчӣ ба Хуҷанд – соати 04:00 вақти маҳаллӣ муқаррар шудааст.

Ҳамаи парвозҳо бо ҳавопаймоҳои тамғаи Боинг 737-800 ва Боинг 737-900 анҷом дода мешаванд.

Айни замон ширкати “Сомон Эйр” аз Душанбе ба Урумчӣ парвозҳо анҷом медиҳад. Парвозҳо рӯзҳои сешанбе ва ҷумъаи ҳафта сурат гирифта, вақти парвоз соати 22:30 бо вақти маҳаллӣ ва аз Урумчӣ ба Душанбе рӯзҳои чоршанбе ва шанбе соати 03:30 ба вақти маҳаллӣ муқаррар шудааст.

Ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” айни замон парвозҳоро аз Тоҷикистон ба Олмон, Амороти Муттаҳидаи Араб, Туркия, Чин, Ҳиндустон, Арабистони Саудӣ, Эрон, Русия, Қазоқистон ва Ӯзбекистон муваффақона анҷом медиҳад.

Ширкат ҳавопаймоҳои Боинг 737-800 ва Боинг 737-900-ро дар ихтиёр дорад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.