Дар Тоҷикистон корхонаи истеҳсоли дору ва молҳои тиббӣ сохта мешавад

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Дар Тоҷикистон маҷмааи истеҳсоли дору ва молҳои тиббӣ сохта шуда, баҳри бунёди он зиёда аз 70 млн сомонӣ маблағгузорӣ ҷалб мешавад. Дар ин бора нашрияи парлумонии “Садои мардум” хабар медиҳад.

Ба иттилои нашрия, дар ҷаласаи ахири парлумон созишнома бо ҶДММ “Разес Фарма” оид ба сохтмон ва истифодабарии маҷмааи истеҳсоли маводи дору ва молҳои тиббӣ маъқул дониста шудааст.

Ба гуфтаи муовини раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон Хуршедаи Қодир, ширкат бо ҷалб намудани сармояи хориҷӣ таҷҳизоти истеҳсоли маводи доруворӣ ва молҳои тиббии ҳозиразамонро ворид месозад.

Дар созишнома истеҳсоли доруворӣ, аз ҷумла доруҳо дар шакли ҳаб, капсула, шарбат, суспензия, маҳлулҳои даҳонӣ, крем, гел, сӯзандоруҳои равғанӣ пешбинӣ шудааст.

“Ба кор даровардани корхонаи азим, дар оянда талаботи кишварро ба маводи доруворӣ дар ҳаҷми муайян таъмин намуда, ба коҳиши воридоти чунин маҳсулот мусоидат мекунад”, – омадааст дар хабари нашрия.

Гуфта мешавд, мувофиқи созишнома, дар ин корхона зиёда аз 200 ҷойи кори доимӣ фароҳам оварда мешавад.

Дар бораи маакони сохтмони корхона маълумот дода нашудааст.

Созишномаи сармоягузорӣ байни ҳукумати Тоҷикистон ва ширкати “Разес Фарма” моҳи феврали соли 2024 ба имзо расида буд.

 «Разес Фарма» – ширкати дорусозии Ҳиндустон мебошад, ки қароргоҳаш дар Ню-Дели воқеъ аст. Дар корхона маводи дору ва молҳои тиббӣ истеҳсол мешавад. Корхона ба истеҳсоли воситаҳои дорувории гурӯҳҳо гуногун – аз ҳабу капсулаҳо то крему гелҳо машғул аст. Ширкат ҳамчунин рӯйи таҳияи маводи нав ва беҳбуди сифати дору ва моли мавҷуда кор мекунад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...