“Вазъи молиявӣ барои ғолибият таъсир намерасонад!”. Дар Тоҷикистон озмуни “Оилаи намунавӣ” идома дорад

Дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявии “Оилаи намунавӣ” идома дорад. Пештар ин озмун дар сатҳи вилоятҳо баргузор мегашт, ҳоло бори нахуст аст, ки онро дар сатҳи ҷумҳуриявӣ баргузор менамоянд. Ба қавли масъулин, дар озмуни ҷумҳуриявӣ аз рӯи меъёрҳои мушаххас оилаҳои бартари Тоҷикистон муайян мешаванд ва дороиву камбағалӣ барои ғолибият дар озмуни мазкур таъсир намерасонад.   Озмун чӣ […]

Шаҳноз Ализода, Asia-Plus

Дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявии “Оилаи намунавӣ” идома дорад. Пештар ин озмун дар сатҳи вилоятҳо баргузор мегашт, ҳоло бори нахуст аст, ки онро дар сатҳи ҷумҳуриявӣ баргузор менамоянд. Ба қавли масъулин, дар озмуни ҷумҳуриявӣ аз рӯи меъёрҳои мушаххас оилаҳои бартари Тоҷикистон муайян мешаванд ва дороиву камбағалӣ барои ғолибият дар озмуни мазкур таъсир намерасонад.

 

Озмун чӣ гуна мегузарад?

Зарина Абдулмаинзода, муовини раиси Кумитаи кор бо занон ва оила ба “Азия-Плюс” гуфт, мақсади озмун боло бардоштани мавқеи оила дар ҷомеа, густариши фарҳанги оиладорӣ, баланд кардани маърифати ҳуқуқи шаҳрвандон ва рӯзгордории  оилаҳо, маърифати оиладорӣ ва паҳн намудани таҷрибаи хонаводаҳои ибратбахш мебошад.

 “Озмуни мазкур дар се марҳила мегузарад – шаҳрӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ. Даври аввал баргузор шуд, ҳоло даври дуввум идома дорад ва даври ниҳоӣ аз 5 то 10-уми май баргузор мешавад. Озмуни мазкур рӯзи 11‑уми май ҷамъбаст мегардад ва ғолибон муайян гардида, ба онҳо мукофотҳо, дипломҳои дараҷаи 1, 2, 3 ва тӯҳфаҳои хотиравӣ супорида мешавад”, – гуфт ҳамсуҳбати мо.

Зарина Абдулмаинзода гуфт, ки тибқи низомнома иштирокчиёни озмун дар баробари пешниҳоди ҳуҷҷату санад, аз санҷиш ҳам мегузаранд.

Ба гуфтаи ӯ, ҳайати комиссияе, ки дар маҳал таъсис дода шудаанд, ҳар як иштирокчии озмунро дар алоҳидагӣ аз санҷиш мегузаронанд. Онҳо бо раиси ноҳия ё маҳал, бо мудири муассисае, ки фарзандони онҳо дар онҷо таҳсил намуда истодаанд, бо ҳамсоягон, хешу табори онҳо ҳамсӯҳбат мешаванд.

Ҳамчунин, ба хонаи истиқоматии иштирокчии озмун рафта, вазъияти таъмири хона, муҳит ва муносибати хонаводагии онҳоро муайян ва баҳогузорӣ мекунанд.

Дар даври вилоятӣ бо оилаҳое, ки ба марҳилаи дуввум пешниҳод шуданд, суҳбат гузаронида мешавад ва беҳтаринҳо ба даври ҷумҳуриявӣ роҳ меёбанд.

Комиссияи ҷумҳуриявӣ аз ҳисоби вазорату идораҳо ташкил карда шудааст.

 

“Вазъи молиявӣ барои ғолиб шудан монеа намешавад”

Муовини раиси Кумитаи кор бо занон ва оила иброз дошт, ки вазъияти молиявии оилаҳо садди роҳи ғолибияти онҳо намегардад. Ӯ гуфт, ки “иштирокчии озмун ба талаботҳои муқарраршуда бояд ҷавобгӯ бошад”.

“Ба мисли тарбияи хуби фарзандон ва таҳсилоти онҳо, эҳтироми онҳо дар маҳал ва ҷойи кор, муносибати хуб нисбати дигарон, дар корҳои ободонӣ ва фарҳангӣ фаъолона иштирок кардан ва дигар меъёрҳо ба назар гирифта мешаванд, аммо шароити молиявӣ барои ғолибият дар озмуни мазкур таъсир намерасонад”, – таъкид кард Абдулмаинзода.

Ба қавли номбурда, оилаҳои ҷавон низ дар озмуни “Оилаи намунавӣ” иштирок менамоянд ва “муайян карда мешавад, ки муносибати онҳо дар ҳаёти муштарак, бо хусуру хушдоман, бо ҳамсоягон ва аҳли маҳал чӣ гуна аст”.

 

Талаботи асосии озмун

Аз рӯи низомномаи озмуни “Оилаи намунавӣ” ҷамбаҳои зерин ба инобат гирифта мешавад:

– солимии оила дар муносибатҳои оилавӣ;

– тарбияи дурусти фарзандон;

– саҳми оила дар ободонии хона, кӯча, шаҳрак, маҳалла, деҳот ва ҷамоат;

– нақши оила дар ҳифзи арзишҳои фарҳанги миллӣ;

– шароити мусоиди муҳайёгардида барои таълиму тадриси фарзандон;

– забондонӣ ва иштироки фарзандон дар озмунҳои ҷумҳурӣ, чорабиниҳои фарҳангӣ ва варзишӣ;

– ҷалби фарзандон ба хизмати ҳарбӣ;

– ва саҳми оила дар пешгирии омилҳои номатлуби ҷомеа.

Озмуни ҷумҳуриявии “Оилаи намунавӣ” рӯзи 11-уми май дар Душанбе ҷамъбаст мегардад ва хоҳем дид, ки оилаҳои бартари Тоҷикистон кадомҳо ҳастанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.