Паёмади боришоти шадид дар манотиқи Тоҷикистон

Asia-Plus

Бар асари боришоти шадиди рӯзи 5 май дар як қатор ноҳияҳои Тоҷикистон селу лойқа фаромаданд.

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ сокинони минтақаҳои ҷумҳурӣ сурату наворҳо мегузоранд. Дар онҳо дида мешавад, ки чӣ гуна маҷрои сел хонаву роҳҳоро зер мекунад.

Боришоти пуршиддат ба фаромадани селу лойқа дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои Варзобу Рӯдакӣ боис гардид. Дар яке аз наворҳо маҷрои хеле калони об пулро шикаст.

Боз як пули автомобилгард дар ноҳияи Нуробод вайрон шуд. Ҳаракати нақлиёт тариқи ин пул, ки дар роҳи мошингарди Лабиҷар – Сангвор воқеъ аст, комилан баста шуд.

Рӯзи 5 май дар Ноҳияҳои тобеи марказ, ноҳияҳои кӯҳӣ ва доманакӯҳи вилояти Суғд, ноҳияҳои доманакӯҳи вилояти Хатлон ва ҳамчунин ноҳияи Дарвоз борони пуршиддат борид.

Дар баъзе ҷойҳо раъду барқ ва жола борид. Масалан, дар ноҳияи Хуросон чунин жола борид.

Дар робита ба боришоти пуршиддат дар дарёҳои Яхсу, Қизилсӯ (ҷанубӣ) ва рӯдхонаҳои доманакӯҳи қаторкӯҳи Ҳисор сатҳи об боло рафт.

Имрӯз, 6 май сарфи назар аз ҳавои офтобӣ, дар аксари ноҳияҳои тобеи марказ, ноҳияҳои кӯҳӣ ва доманакӯҳи вилояти Суғд, баъзе ноҳияҳои вилояти Хатлон (Ховалинг, Муъминобод, Шамсиддин Шоҳин, Балҷувон, Кӯлоб, Восеъ, Ёвон ва Хуросон), инчунин ноҳияи Дарвози ВМКБ омадани сел дар назар аст.

Маълумоти дақиқ дар бораи ҳодисаҳои оомадани селро Кумитаи ҳолатҳои фавқулода пешниҳод мекунад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...