Сарбозони дар артиши Тоҷикистон зарардида чӣ гуна ҷуброн метавонанд дастрас кунанд?

Дар артиши Тоҷикистон сарбозон аксар вақт аз ҷониби ҳамкорони калонсолашон мавриди таҳқир қарор мегиранд, аз қабили лату кӯб, паст задани шаъну эътибор, таҳдиди таҷовуз ба номус ва ғайра. Дар натиҷаи ҷой доштани муносибатҳои ғайриоинномавӣ, наваскарон ҳатто ҳалок мешаванд (ин омор нигаронкунанда аст) ё маъюб ба хона бармегарданд. Оё онҳо метавонанд дар ин ҳолат ба ягон […]

Дар артиши Тоҷикистон сарбозон аксар вақт аз ҷониби ҳамкорони калонсолашон мавриди таҳқир қарор мегиранд, аз қабили лату кӯб, паст задани шаъну эътибор, таҳдиди таҷовуз ба номус ва ғайра. Дар натиҷаи ҷой доштани муносибатҳои ғайриоинномавӣ, наваскарон ҳатто ҳалок мешаванд (ин омор нигаронкунанда аст) ё маъюб ба хона бармегарданд.

Оё онҳо метавонанд дар ин ҳолат ба ягон ҷуброн умедвор шаванд?

Ду навъи ҷуброн мавҷуд аст: моддӣ ва маънавӣ: Агар сарбоз барои барқарор намудани саломатӣ ва харидани доруворӣ маблағ сарф карда бошад, пас давлат уҳдадор аст, ки ҳамаи ин хароҷотро ҷуброн кунад.

Равоншинос ҷуброни маънавиро ба таври инфиродӣ муайян мекунад, яъне маблағи «зарари маънавӣ» ҳисоб шуда, ба додгоҳ тавсия медиҳад, ки мувофиқи осеби равонӣ ба сарбоз чӣ қадар пул пардохт шавад.

Волидайне, ки кадом ҳолатҳоро паси сар кардани фарзандонашонро мебинанд, инчунин ҳақ доранд, ки ҷуброни зарари моддӣ ва маънавиро талаб кунанд.

"Ба онҳо низ бояд ҷубронпулӣ дода шавад, аммо ба шарте, ки равоншиносон осеби онҳоро сабт кунанд", – мегӯяд роҳбари ТҶ "Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ Дилрабо Самадова.

Ҷуброни моддӣ ба волидайн дар сурате дода мешавад, ки онҳо ба аёдати писари сарбози ҷабрдидаашон рафта, дору харидаанд. Ҷуброни маънавӣ бошад, ба мисли сарбозон бо тавсияи равоншинос дода мешавад.

«Агар сарбозон ҳангоми хизмати ҳарбӣ маҷрӯҳ ва ба саломатиашон осеб расад, онҳо низ ба пардохти кумакпулии якдафъаина ҳақ доранд, ки аз ҳисоби суғуртаи давлатии ҳаёт ва саломатии сарбозон ҷудо карда мешавад», – илова намуд Дилрабо Самадова.

Дар ҷуброн ҳам маблағ ва ҳам расонидани ёрии тиббию равонӣ то барқарор шудани саломатӣ дар назар дошта шудааст.

Аммо тавре мутахассис зикр мекунад, дар амал дар Тоҷикистон ҷуброни зарари маънавӣ дар мавридҳои марбут ба хизматчиёни ҳарбӣ қариб нест.

“Дар мо ҳолатҳое ҷой доранд, ки волидон барои табобати ҷабрдида ҷубронпулӣ гирифтаанд. Аммо ҷуброни маънавӣ танҳо дар сурати марги сарбоз пардохт шуд.

Вақте ки сарбозро латукӯб мекунанду бар асари он ӯ ҳалок мешавад, аъзои оила ва волидонаш ҷабрдида эътироф шуда, ба онҳо ҷуброни маънавӣ пардохт мешавад. Ҳамчунин, вақте ки худи ҷабрдида ҷуброни маънавӣ талаб мекунад, онро ба ӯ пардохт мекунанд”, – изҳор дошт мутахассис.

Дар ин ҷо донистан лозим аст, ки ҷуброни маънавӣ барқарорсозии ҳуқуқи инсон аст. Зеро вақте ки ӯ мавриди шиканҷаву латукӯб қарор мегирад ё ҳалок мешавад, шахси гунаҳкор ба ҷавобгарӣ кашида мешавад. Ӯ ҷазо мегирад, аммо ҳуқуқи шахси ба саломатиаш осебрасидаву маҷруҳшуда ё фавтида барқарор намешавад.

Адолат мувофиқи қонун ҳукмфармо мегардад, аммо ҳуқуқи ӯ не, ҳатто агар шахси гунаҳкор тибқи қонун ҷазо гирифта бошад.

Аз ин рӯ, пардохти ҷуброни маънавӣ низ муҳим аст. Ва танҳо вақте ки давлат онро пардохт мекунад, ҷабрдида метавонад бигӯяд, ки ҳуқуқаш барқарор шудааст.

Ва дар омади гап, дар ин маврид қонунгузории Тоҷикистон ҷуброни маънавиро ба инобат мегирад”, – шарҳ медиҳад Дилрабо.

Агар шумо ба муносибатҳои ғайриоинномавӣ дучор шудед, занг занед!

Сарпрокуратураи ҳарбӣ

223 10 37

ДОШ (Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ)

93 333 17 03 (Душанбе ва НТМ)

93 333 18 03 (Суғд)

Суроға: ш. Душанбе, МС «Пойтахт»

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон

221 79 89.

Вазорати мудофиа

227 49 82

Суроға: кӯч. Бохтар, 59.

Прокуратураи ҳарбии гарнизонҳои минтақавӣ:

Душанбе – (+992 37) 2330485

Бохтар – (83222) 2 46 24, рақами навбатдор шабонарӯзӣ фаъол аст – (83222) 2 88 95

Кӯлоб – (83322) 2 30 40

Хоруғ – (83522) 2 12 59

Хуҷанд – (+992 3451) 56802.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.