“Ба хотири шаффофият!”. Пули иҷораи китобҳои дарсӣ низ дигар ғайринақдӣ супорида мешавад

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Дар мактабҳои Тоҷикистон аз моҳи сентябр пули иҷораи китобҳои дарсӣ тариқи ғайринақдӣ пардохт мешавад. Дар ин бора Наврӯзи Мирзо, сухангӯи Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” хабар дод.

Ба гуфтаи ӯ, аз соли нави хониш – сентябри соли 2024 дар ҳама мактабҳои кишвар пули иҷораи китобҳои дарсӣ ба таври ғайринақдӣ супорида мешавад ва вазорат барои ин замина фароҳам овардааст.

“Вазорати маориф ва илм бо бонки “Амонатбонк” дар ин робита ҳамкорӣ карда истодааст ва ба наздикӣ дар дохили барномаи мобилии “Амонат мобайл” қисмати пардохтҳои ғайринақдии иҷораи китобҳои дарсӣ дар он илова карда мешавад”, – гуфт ҳамсуҳбати мо.

Ӯ афзуд, ки пас аз таҳияи ин барнома волидон метавонанд бо истифода аз телефони мобилӣ пули иҷораи китобҳои дарсии фарзандони худро пардохт кунанд.

Ба гуфтаи Наврӯзи Мирзо, Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ба василаи ин барнома низоми иҷораи китобҳои дарсӣ ва маводи таълимӣ, аз ҷумла даромад, хароҷот, пардохтҳои ғайринақдиро назорат мекунад ва маблағ ба суратҳисоби махсуси Вазорат ворид карда мешавад.

Сухангӯи Вазорат таъкид кард, ки то оғози соли нави хониш ин барнома дар ҳама мактабҳои миёнаи кишвар ҷорӣ карда мешавад.

Ёдовар мешавем, ки шурӯъ аз моҳи августи соли 2023 Тоҷикистон ба низоми пардохти ғайринақдӣ гузашт.

Ба гуфтаи кошиносон чанд омил, аз ҷумла омода набудани сокинон, мушкилоти барқ ва интернет боиси пурра ҷорӣ нашудани низоми мазкур мегардад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...