“Ба хотири шаффофият!”. Пули иҷораи китобҳои дарсӣ низ дигар ғайринақдӣ супорида мешавад

Дар мактабҳои Тоҷикистон аз моҳи сентябр пули иҷораи китобҳои дарсӣ тариқи ғайринақдӣ пардохт мешавад. Дар ин бора Наврӯзи Мирзо, сухангӯи Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” хабар дод. Ба гуфтаи ӯ, аз соли нави хониш – сентябри соли 2024 дар ҳама мактабҳои кишвар пули иҷораи китобҳои дарсӣ ба таври ғайринақдӣ супорида мешавад ва вазорат […]

Дар мактабҳои Тоҷикистон аз моҳи сентябр пули иҷораи китобҳои дарсӣ тариқи ғайринақдӣ пардохт мешавад. Дар ин бора Наврӯзи Мирзо, сухангӯи Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” хабар дод.

Ба гуфтаи ӯ, аз соли нави хониш – сентябри соли 2024 дар ҳама мактабҳои кишвар пули иҷораи китобҳои дарсӣ ба таври ғайринақдӣ супорида мешавад ва вазорат барои ин замина фароҳам овардааст.

“Вазорати маориф ва илм бо бонки “Амонатбонк” дар ин робита ҳамкорӣ карда истодааст ва ба наздикӣ дар дохили барномаи мобилии “Амонат мобайл” қисмати пардохтҳои ғайринақдии иҷораи китобҳои дарсӣ дар он илова карда мешавад”, – гуфт ҳамсуҳбати мо.

Ӯ афзуд, ки пас аз таҳияи ин барнома волидон метавонанд бо истифода аз телефони мобилӣ пули иҷораи китобҳои дарсии фарзандони худро пардохт кунанд.

Ба гуфтаи Наврӯзи Мирзо, Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ба василаи ин барнома низоми иҷораи китобҳои дарсӣ ва маводи таълимӣ, аз ҷумла даромад, хароҷот, пардохтҳои ғайринақдиро назорат мекунад ва маблағ ба суратҳисоби махсуси Вазорат ворид карда мешавад.

Сухангӯи Вазорат таъкид кард, ки то оғози соли нави хониш ин барнома дар ҳама мактабҳои миёнаи кишвар ҷорӣ карда мешавад.

Ёдовар мешавем, ки шурӯъ аз моҳи августи соли 2023 Тоҷикистон ба низоми пардохти ғайринақдӣ гузашт.

Ба гуфтаи кошиносон чанд омил, аз ҷумла омода набудани сокинон, мушкилоти барқ ва интернет боиси пурра ҷорӣ нашудани низоми мазкур мегардад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.