Роҳхатҳои олимпӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ: кӣ аз ҳама зиёдтар дорад?

Оғози Бозиҳои олимпии тобистонаи соли 2024 дар Париж (Фаронса) торафт наздик мешавад. Дар ин Бозиҳо зиёда аз 10 ҳазор варзишгар аз 205 кишвари саросари дунё ширкат варзида, барои 329 маҷмӯи медалҳо дар 32 навъи варзиш рақобат мекунанд. Аз кишварҳои Осиёи Марказӣ кӣ аз ҳама бештар роҳхат дорад? Ӯзбекистон – 60 роҳхат ба Олимпиада-2024 Мунтахаби Ӯзбекистон […]

Алексей Корчагин, Asia-Plus

Оғози Бозиҳои олимпии тобистонаи соли 2024 дар Париж (Фаронса) торафт наздик мешавад. Дар ин Бозиҳо зиёда аз 10 ҳазор варзишгар аз 205 кишвари саросари дунё ширкат варзида, барои 329 маҷмӯи медалҳо дар 32 навъи варзиш рақобат мекунанд.

Аз кишварҳои Осиёи Марказӣ кӣ аз ҳама бештар роҳхат дорад?

Ӯзбекистон – 60 роҳхат ба Олимпиада-2024

Мунтахаби Ӯзбекистон дар ин рӯйхати ғайрирасмӣ пешсаф аст.

Рӯйхати варзишгарони Ӯзбекистон, ки аллакай барои иштирок дар Бозиҳо ҳуқуқ пайдо кардаанд, маълум шуд.

Имрӯз онҳо 60 нафар буда, дар навъҳои варзиши камонварӣ, варзиши сабук, бокс, велосипедронӣ, ҷаҳидан ба об, шамшербозӣ, гимнастика, панҷҳарбаи муосир, таэквон-до, гӯштин рақобат хоҳанд кард.

Қазоқистон – 50 роҳхат

Айни замон мунтахаби Қазоқистон дар зиёда аз 13 навъи варзиш, аз қабили бокс, типаронӣ, камонварӣ, шамшербозӣ, велосипедронӣ, панҷҳарбаи муосир, таэквон-до, гӯштин ва ғайра 50 роҳхат дарёфт кардааст.

Қирғизистон – 9 роҳхат

Мунтахаби Қирғизистон ҳоло дар гӯштин ва шиноварӣ 9 роҳхат дорад. Дар ин кишвар қаблан пешбинӣ карда буданд, ки варзишгарон ба Бозиҳои олимпии Париж дар 12 навъи варзиш 30 роҳхат дарёфт мекунанд.

Тоҷикистон – 4 роҳхат

Айни замон Тоҷикистон дар 2 навъи варзиш ҳамагӣ 4 роҳхат ва инчунин 3 квотаи махсус ҷудошуда (2-то дар шиноварӣ ва 1-то дар варзиши сабук) дорад.

Ин даъватномаҳоро федератсияҳои байнулмилалӣ ба таври анъанавӣ ба варзишгарон ҷудо карданд. Ҳоло ҳамагӣ 7 варзишгари тоҷик ба Бозиҳои олимпии Париж мераванд.

То Бозиҳои олимпӣ дар Париж вақти кам мондааст, лекин тоҷикистониён ҳоло ҳам имкон доранд, ки роҳхат дарёфт кунанд.

Рӯзҳои 9-12 май дар Туркия миёни гӯштингирон мусобиқаи охири интихобӣ доир гардида, дар он мунтахаби Тоҷикистон низ иштирок мекунад.

Ғайр аз ин, бо маълум гардидани радабандӣ (рейтинг)-и ниҳоӣ дар навъи гӯштини ҷудо рӯзи 23 июн сафи тоҷикистониёни иштиркчии Олимпиада зиёд шуда метавонад. Аз рӯи натиҷаҳои он якчанд ҷудокорон аз Тоҷикистон ба Бозиҳои соли 2024 роҳхат хоҳанд гирифт.

Ҳамчунин боксчиёни тоҷик низ дар мусобиқаи ҷаҳонӣ дар Бангкок (Таиланд) имкон доранд, ки роҳхат дарёфт кунанд.

Ёдрас мекунем, ки дар Бозиҳои 19-уми Осиё дар Ханчжоу-2023 Тоҷикистон 7 ҷоиза ба даст овард. Дар ин мусобиқа муштзанони тоҷик ба дарёфти ду роҳхат барои иштирок дар Бозиҳои олимпии соли 2024 ноил гардиданд. Ба ин роҳхатҳо Давлат Болтаев (92 кг) ва Мадина Самадова (57 кг) соҳиб шуданд.

Чанде пеш дар мусобиқаи олимпии ҷаҳонӣ оид ба бокс дар Италия Баҳодур Усмонов (63,5 кг) ва дар мусобиқаи интихобии таэквон-до WT дар Чин Мунира Абдусаломова ((+67 кг) ба Бозиҳои олимпии соли 2024 дар Париж роҳхат ба даст оварданд.

Иштирокчиёни Бозиҳои олимпии соли 2024 аз рӯи квотаҳои ҷудошударо (бе дарёфти роҳхат) дар шиноварӣ (2 нафар) ва варзиши сабук (1 нафар) каме баъдтар федератсияҳои Тоҷикистон оид ба ин навъи варзишҳо муайян мекунанд.

Туркманистон – 1 роҳхат

Айни замон мунтахаби Туркманистон барои иштирок дар Бозиҳои олимпии соли 2024 1 роҳхат дар навъи вазнбардорӣ дорад. Дар кишвар умедворанд, ки то оғози Олимпиада боз якчанд роҳхатҳо дарёфт хоҳанд шуд.

Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2024 дар Париж аз 26 июл то 11 август баргузор мешаванд. Дар Олимпиадаи пешин дар Токио аз Тоҷикистон 7 варзишгар иштирок карда, ҳеҷ кадоме аз онҳо ба дарёфти медал даст наёфт.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

BIMA Life дар Душанбе дафтари кории навашро боз кард

Дар маркази шаҳри Душанбе дафтари нави BIMA Life ба кор оғоз кард. Маросими тантанавӣ кормандони ширкат, шарикон ва меҳмонони аввалинро ба ҳам овард —...

Трамп гуфт, дастури муҳосираи гулӯгоҳи Ҳурмузро додааст. Эрон мегӯяд, ба ҳар таҳдид посух медиҳад

Пас аз бенатиҷа поён ёфтани музокироти Исломобод, нархи нафт дуборо гарон шуд

Ду нишони биринҷии куштигирони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё-2026

Дар мусобиқот дар шаҳри Бишкек ҳудуди 350 куштигир ширкат варзиданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 65

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Таъсири низоъ дар Ховари Миёна ба иқтисоди кишварҳои Осиёи Марказӣ. Пешгӯии Бонки ҷаҳонӣ

Коршиносон бар ин назаранд, ки рушди иқтисодӣ дар минтақа то 4,9% поин меравад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Ғуломризо Баҳор то даргузашти Бобо Ҳоҷӣ ва Домулло Ҳикматуллоҳи Тоҷикободӣ