Вазорати умури дохилии Русия тартиби сабти номи шаҳрвандони хориҷиро шарҳ дод

Вазорати корҳои дохилии  Русия  дар телеграм-канали худ тартиби сабти номи шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандиро шарҳ дод. Ба иттилои ин ниҳод, шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатӣ метавонан тавассути ду роҳ худро сабти ном кунанд: дар ҷойи зист ва макони будубош (маҳалли ҳузур). ‑ шаҳрвандони хориҷӣ, ки иҷозаи иқомати муваққат доранд, аз ҷумла бо мақсади […]

Вазорати корҳои дохилии  Русия  дар телеграм-канали худ тартиби сабти номи шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандиро шарҳ дод.

Ба иттилои ин ниҳод, шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатӣ метавонан тавассути ду роҳ худро сабти ном кунанд: дар ҷойи зист ва макони будубош (маҳалли ҳузур).

‑ шаҳрвандони хориҷӣ, ки иҷозаи иқомати муваққат доранд, аз ҷумла бо мақсади таҳсил омадаанд ё иҷозаи иқомат дар Русияро доранд, метавонанд дар ҷои истиқомат сабти ном шаванд;

‑ шаҳрвандони хориҷӣ, ки иҷозаи иқомати муваққат надоранд метавонанд дар маҳалли будубоши худ сабти ном шаванд.

Бояд гуфт, шаҳрванди хориҷӣ барои сабти ном дар маҳалли будубош бояд ба ҷониби қабулкунанда ҳуҷҷати шахсият ва корти муҳоҷиратро пешниҳод намояд.

Одатан, ҷониби қабулкунанда шаҳрвандони Русия мебошанд, ки барои шаҳрвандони хориҷӣ манзили зист пешниҳод мекунанд. Ҳамчунин, он метавонад шахсони ҳуқуқӣ бошад, ки шаҳрванди хориҷиро барои кор даъват кардааст.

ВКД-и Русия таъкид кардааст, ки сабти номи шаҳрванди хориҷӣ дар ҷои истиқомат масъулияти ҷониби қабулкунанда мебошад, ки барои риоя накардани он ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида мешавад.

Қаблан Владимир Колоколтоев, вазири умури дохилии Русия гуфта буд, ки “ҳангоми додани ҳуҷҷати тасдиқкунандаи иқомати муваққат ва будубош дар робита ба тағйири маълумот ва мавҷудияти мамнӯъияти вуруд ба Русия назорат бояд пурзӯр карда шавад”.

Бояд гуфт, ки дар ин шабу рӯз, пас аз ҳодисаи террористӣ дар “Крокус Сити Ҳол” ва боздошти шаҳрвандони Тоҷикистон бо гумони содир кардани он, муҳоҷирони кории тоҷик зиёд шикоят мекунанд, ки сабти ном дар мақомоти Русия душвор шудааст ва ниҳодҳои ин кишвар бо ҳар гуна баҳона, онҳоро боздошту ихроҷ мекунанд. Дар баъзе минтақаҳои ин кишвар бидуни сабаб аз сабти номи онҳо худдорӣ менамоянд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.