Русия назорати дастрас кардани шаҳрвандиашро пурзӯр мекунад

Вазири корҳои дохилии Русия дастур додааст, ки минбаъд назорат аз болои қабули шаҳрвандони хориҷӣ ба шаҳрвандии Русия, додани санади иқомати муваққатӣ ва иҷозатномаи будубош пурзӯр карда шавад. Ӯ ҳатто таъкид кардааст, ки нафарони ба амнияти ҷамъиятӣ таҳдидкунандаро аз шаҳрвандии Русия маҳрум намоянд. Дар ин бора хабаргузории ТАСС иттилоъ медиҳад. “Назорат ҳангоми қабули шаҳрвандони хориҷӣ ба […]

Вазири корҳои дохилии Русия дастур додааст, ки минбаъд назорат аз болои қабули шаҳрвандони хориҷӣ ба шаҳрвандии Русия, додани санади иқомати муваққатӣ ва иҷозатномаи будубош пурзӯр карда шавад. Ӯ ҳатто таъкид кардааст, ки нафарони ба амнияти ҷамъиятӣ таҳдидкунандаро аз шаҳрвандии Русия маҳрум намоянд. Дар ин бора хабаргузории ТАСС иттилоъ медиҳад.

“Назорат ҳангоми қабули шаҳрвандони хориҷӣ ба шаҳрвандии Русия, инчунин ҳангоми додани иқомати муваққатӣ ва иҷозатномаи будубош, аз ҷумла дар робита ба тағйири маълумот ва мавҷудияти мамнӯъияти вуруд ба Русия бояд пурзӯр карда шавад”, – гуфтааст Владимир Колоколтсев, вазири умури дохилии Русия.

Ӯ гуфтааст, барои муайян кардани шахсоне, ки аз сабти изи ангушт ва аксбардорӣ саркашӣ мекунанд, чораҳои иловагӣ андешида шуда, афроде, ки ба амнияти ҷамъиятӣ таҳдид мекунанд, аз қаламрави кишвар хориҷ карда шаванд. Ҳамчунин, шаҳрвандии онҳо бекор карда шавад.

Бояд гуфт, ин изҳороти вазири корҳои дохилии Русия пас аз ба иҷро даромадани тағйироти воридшуда ба Қонуни Русия “Дар бораи шаҳрвандии Федератсияи Русия” аз 26-уми октябр садо медиҳад.

Қонкуни мазкур ба татбиқи пайвастаи консепсияи сиёсати давлатии муҳоҷират барои солҳои 2019-2025 нигаронида шуда, принсипҳои асосии шаҳрвандии Русияро муайян мекунад.

Дар асоси тағйироти нави воридшуда ба қонун, ҳамаи шаҳрвандони Русия ва шаҳрвандии онҳо баробар буда, ҳеҷ кас ҳуқуқи маҳрум кардани ӯро аз ҳарвандӣ надорад ва ҳамчунин, ҳуқуқи ӯро барои тағйири шаҳрвандӣ лағв карда наметавонад.

Шаҳрванди Русия берун аз ҳудуди кишвар зиста, шаҳрвандиаш қатъ намешавад ва шаҳрванди Русия наметавонад аз қаламрави Русия хориҷ ё ба давлати хориҷӣ истирдод карда шавад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.