Ҳалокати ронанда ва 2 мусофир бар асари садамаи нақлиёт дар роҳи Хуҷанд-Конибодом

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Дар роҳи мошингарди Хуҷанд-Конибодом бар асари садамаи нақлиёт, ки рӯзи якшанбеи ҳафтаи сипаришуда рух дод, ронандаи воситаи нақлиёт ва 2 мусофир ба ҳалокат расиданд.

Тавре ки маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ хабар медиҳад, соати 20:30 дақиқаи рӯзи 12 май ба шуъбаи навбатдории Кумита хабар расидааст, ки дар қитъаи роҳи мошингарди Хуҷанд-Конибодм дар ҷамоати Лоҳутӣ садамаи нақлиёти марговар рух додааст.

“Вақте ки имдодгарон ба ҷойи ҳодиса ҳозир мешаванд, маълум мешавад, ки ронандаи автомашинаи тамғаи «Toyota Avensus», сокини 40-солаи шаҳри Исфара аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба самти муқобили ҳаракат меравад ва ба автомашинаи тамғаи «Lexus» бармехӯрад, ки дар натиҷа ронанда ва ду мусофир дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд”, – зикр мегардад дар хабар.

Гуфта мешавад, имдодгарон ҷасадҳоро аз дохили автомашина берун оварда, ба ихтиёри мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурдаанд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода бори дигар ба ронандагон хотиррасон менамояд, ки зимни ҳаракат қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, бахусус реҷаи суръатро қатъиян риоя кунанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...