Сергей Шойгу дигар вазири мудофиаи Русия нест. Путин ӯро дигарбора ба ин вазифа таъин накард

Сергей Шойгу, ҳамакнун собиқ вазири дифои Русия ва яке аз ёрони наздики Владимир Путин, раиси ҷумҳур, баъди истеъфои кобинаи ҳукумати ин кишвар, дигарбора ба курсии вазири дифоъ таъин нашуд. Ҷойи ӯро дар ин маснад Андрей Белоусов гирифт.  Ҳукумати Русия баъди сайгандёдкунии Владимир Путин дар рӯзи 7-уми май ба истеъфо рафт. Аксари узви ҳукумати истеъфорафта дигарбора […]

Сергей Шойгу, ҳамакнун собиқ вазири дифои Русия ва яке аз ёрони наздики Владимир Путин, раиси ҷумҳур, баъди истеъфои кобинаи ҳукумати ин кишвар, дигарбора ба курсии вазири дифоъ таъин нашуд. Ҷойи ӯро дар ин маснад Андрей Белоусов гирифт. 

Ҳукумати Русия баъди сайгандёдкунии Владимир Путин дар рӯзи 7-уми май ба истеъфо рафт. Аксари узви ҳукумати истеъфорафта дигарбора ба вазифаҳои худ таъин шуданд, аммо Сергей Шойгу, нафаре, ки вазорати дифои Русияро 12 сол инҷониб роҳбарӣ мекард ва яке аз ёрони наздики Владимир Путин гуфта мешавад, дигар ба маснади вазири дифоъ таъин нашуд.

Бо бо фармони Путин ҳамакнун Шойгу ба ҷойи Николай Патрушев дабири Шӯрои амнияти Русия таъйин гардид. Мансаби нави Патрушев, ки низ аз ёрони қадимаи раиси ҷумҳур дониста мешавад, то ҳол маълум нест.

Андрей Белоусов, ки вазири дифои нави Русия таъин шуд, то ин замон дар курсии муовини аввали сарвазир фаъолият дошт.

Бояд зикр кард, ки Сергей Шойгу яке аз муассисони ҳизби ҳокими “Русияи воҳид" аст, ки нерӯи аслии ҷонибдори Путин ба шумор меравад.

Тағйири вазири дифои Русия дар ҳоле рух додааст, ки рӯзи 24-уми апрел муовини вазири дифоъ Тимур Иванов ба иттиҳоми ришваситонӣ дастгир шуд. Ӯ дар моҳи майи соли 2017 бо ҳукми президенти Русия муовини вазири дифои Русия таъйин шуда буд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.