Корҳои эҷодии суратгир аз Тоҷикистон дар ҳамоиши расонаҳо дар Эрмитаж

Юлия Субеева, Asia-Plus

Аксбардори тоҷик Самир Афардӣ ба намоиши корҳои эҷодии худ дар Ҳамоиши байнулмилалии расонаҳои “Диалог Культур” (Муколамаи Фарҳангҳо) омодагӣ мегирад. Ҳамоиш аз 22 то 25 май дар толорҳои Эрмитаж дар Санкт-Петербург баргузор мешавад.

Ҳамоиши байнулмилалии расонаҳои “Диалог Культур” натанҳо майдонест барои намоиши корҳои эҷодии истеъдодҳои ҷавон, балки макони ташаккули дарки умумии гуногунии фарҳангӣ буда, ба рушди идеяҳои нав дар соҳаи фарҳангу расонаҳо мусоидат мекунад.

Имсол ҳамоиш макони вохӯрӣ барои баррасии мавзӯъ ва тамоилҳои гуногун хоҳад буд, ки фарҳанги ҷаҳонӣ бо он дучор мешавад.

Ин чорабинӣ зиёда аз 300 нафар намояндагони индустрияҳои навоварона аз кишварҳои мухталифи саросари дунёро гирдиҳам меорад.

Дар бораи аксбардор ва корҳои ӯ

“Сарчашмаи илҳоми ман зиндагӣ ва ҳазорон ҷанбаҳои он аст. Он чӣ гуна ба ман таъсир мерасонаду ман чӣ гуна ба он”, – мегӯяд Самир Афардӣ.

Самир аз оилаи адиби маъруф ва коргардони кинои тоҷик  Сайф Афардӣ мебошад. Маҳз рӯзгори бобояш Сайф ба ӯ дар кори аксбардорӣ ва кино илҳом бахшидаанд. Корҳои ӯ мукаммал ва пур аз самимият буда, лаҳзаҳои табиии ҳаётро инъикос мекунанд.

"Аз хурдӣ маро ҳикояҳо аз рӯзгори бобоям Сайф Афардӣ, ки нависанда буд ва аз китобҳои худ филмҳо офаридааст, иҳота мекарданд. Ин ҳикояҳо манбаи асосии илҳоми ман шуданд. Дар кӯдакӣ ба аксбардорӣ шавқ пайдо кардам, зеро дар чунин синнусол наметавонистам ба синамо машғул шавам. Акнун бо зиёд шудани имконот ва таҷрибаи андӯхта, торафт ба орзуи худ – таҳияи филмҳо ва видео наздиктар шудам", – нақл мекунад суратгир.

Дар доираи ҳамоиш Самир маҷмӯи начандон калони асарҳои худро муаррифӣ мекунад. Аммо ин аксҳо барои ӯ натанҳо сурат, балки саргузаштҳое мебошанд, ки дар камера сабт шудаанд ва шахсро ба андешаву эҳсосот водор месозанд.

Самир аз истеъдоди гузаштагони худ ва ҷаҳони атроф илҳом гирифта, асарҳоеро эҷод мекунад, ки диққати тамошобинонро ба худ ҷалб мекунанд ва онҳоро ба ваҷд меоранд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...