Тоҷике, ки автобуси зери идорааш ба дарё сарозер шуд, барои нақзи қонунгузории муҳоҷирати Русия айбдор мешавад

Asia-Plus

Кумитаи тафтишоти Русия нисбати ронандаи автобуси мусофирбар Раҳматшоҳ Қурбонов, шаҳрванди 44-солаи Тоҷикистон, ки бар асари садама автобусаш аз болои пул ба дарёи Мойка дар Петербург сарозер шуд, парвандаи ҷиноятии нав боз кард. Дар ин бора Медуза хабар медиҳад.

Дар иттилоияи ин ниҳод гуфта мешавад, дар доираи парванда оид ба ҳалокати мусофирони автобус кормандони кумита “далелҳои риоя нашудани қонунгузорӣ дар соҳаи муҳоҷират”-ро мавриди омӯзиш қарор додаанд.

“Дар ҷараёни тафтишоти пешакӣ муайян карда шуд, ки ронандаи автобус давоми моҳҳои феврал-марти соли 2024 ба ивази пул на камтар аз 10  шаҳрванди хориҷиро дар хонаи ба худаш тааллуқдошта ба қайди қалбакӣ гузоштааст”, – зикр кардаанд дар Кумитаи тафтишот.

Мутобиқи моддаи 322.3 Кодекси ҷиноятии Русия, ба гумонбаршуда то 3 соли зиндон ҷазо таъин шуда метавонад.

Рӯзи 10 май аз пули Потселуев автобуси мусофирбар ба дарёи Мойка сарозер шуда, бар асари ин ҳодиса 7 нафар ҳалок шуданд. Ронандаи автобус зодаи Тоҷикистон, шаҳрванди Русия Раҳматшоҳ Қурбонови 44-соларо боздошт карданд.

Рӯзи 12 май Суди Октябрскии Петербург доир ба ду моҳ ба ҳабс гирифтани ӯ қарор содир кард.

Аввал Кумтаи тафтишот мутобиқи ду модда – вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, ки ба марги ду ё зиёда аз ин шахсон боис гардид (қ.5, модд. 264 КҶ Русия – ҷазои ниҳоӣ 7 соли зиндон) ва хидматрасоние, ки ба талаботи бехатарӣ ҷавобгӯ нест ( қ.3, модд 238 КҶ Русия – ҷазои ниҳоӣ 10 соли зиндон) парвандаи ҷинояти оғоз карда буд.

Дар доираи тафтиши ин парванда ҳамчунин сардори корхонаи хидматрасонии нақлиёт (автоколонна)-и ҶДММ “Такси”, ки ба ҳамлу нақли мусофирон машғул аст, боздошт шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...