Тоҷике, ки автобуси зери идорааш ба дарё сарозер шуд, барои нақзи қонунгузории муҳоҷирати Русия айбдор мешавад

Кумитаи тафтишоти Русия нисбати ронандаи автобуси мусофирбар Раҳматшоҳ Қурбонов, шаҳрванди 44-солаи Тоҷикистон, ки бар асари садама автобусаш аз болои пул ба дарёи Мойка дар Петербург сарозер шуд, парвандаи ҷиноятии нав боз кард. Дар ин бора Медуза хабар медиҳад. Дар иттилоияи ин ниҳод гуфта мешавад, дар доираи парванда оид ба ҳалокати мусофирони автобус кормандони кумита “далелҳои […]

Кумитаи тафтишоти Русия нисбати ронандаи автобуси мусофирбар Раҳматшоҳ Қурбонов, шаҳрванди 44-солаи Тоҷикистон, ки бар асари садама автобусаш аз болои пул ба дарёи Мойка дар Петербург сарозер шуд, парвандаи ҷиноятии нав боз кард. Дар ин бора Медуза хабар медиҳад.

Дар иттилоияи ин ниҳод гуфта мешавад, дар доираи парванда оид ба ҳалокати мусофирони автобус кормандони кумита “далелҳои риоя нашудани қонунгузорӣ дар соҳаи муҳоҷират”-ро мавриди омӯзиш қарор додаанд.

“Дар ҷараёни тафтишоти пешакӣ муайян карда шуд, ки ронандаи автобус давоми моҳҳои феврал-марти соли 2024 ба ивази пул на камтар аз 10  шаҳрванди хориҷиро дар хонаи ба худаш тааллуқдошта ба қайди қалбакӣ гузоштааст”, – зикр кардаанд дар Кумитаи тафтишот.

Мутобиқи моддаи 322.3 Кодекси ҷиноятии Русия, ба гумонбаршуда то 3 соли зиндон ҷазо таъин шуда метавонад.

Рӯзи 10 май аз пули Потселуев автобуси мусофирбар ба дарёи Мойка сарозер шуда, бар асари ин ҳодиса 7 нафар ҳалок шуданд. Ронандаи автобус зодаи Тоҷикистон, шаҳрванди Русия Раҳматшоҳ Қурбонови 44-соларо боздошт карданд.

Рӯзи 12 май Суди Октябрскии Петербург доир ба ду моҳ ба ҳабс гирифтани ӯ қарор содир кард.

Аввал Кумтаи тафтишот мутобиқи ду модда – вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, ки ба марги ду ё зиёда аз ин шахсон боис гардид (қ.5, модд. 264 КҶ Русия – ҷазои ниҳоӣ 7 соли зиндон) ва хидматрасоние, ки ба талаботи бехатарӣ ҷавобгӯ нест ( қ.3, модд 238 КҶ Русия – ҷазои ниҳоӣ 10 соли зиндон) парвандаи ҷинояти оғоз карда буд.

Дар доираи тафтиши ин парванда ҳамчунин сардори корхонаи хидматрасонии нақлиёт (автоколонна)-и ҶДММ “Такси”, ки ба ҳамлу нақли мусофирон машғул аст, боздошт шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.