Дар Панҷакент кӯшки асрҳои VI-VIII кашф шуд

Asia-Plus

Дар қаламрави ёдгории таърихие, ки дар деҳаи Чинори кӯҳнаи ҷамоати деҳоти Халифа Ҳасани шаҳри Панҷакент воқеъ аст, бостоншиносон харобаҳои як кӯшк (қаср)-ро пайдо карданд. Дар ин бора дар саҳифаи расмии Осорхонаи миллии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар дода мешавад.

Кӯшкро сармутахассиси шуъбаи бостоншиносӣ ва сиккашиносии Осорхонаи миллӣ Муҳсин Бобомуллоев пайдо кард.

Дар натиҷаи корҳои ҳафриётӣ маълум шуд, ки ин ёдгорӣ кӯшк буда, он аз ду қабат иборат аст. Ошёнаи якум аз похса ва ошёнаи дуввум аз хишти хоми маъмулии ҳамон давра ба андозаи 50х25х10 сохта шудаанд.

“Замони таърихии ёдгорӣ ба асрҳои VI-VIII мансуб буда, он дар натиҷаи ҳуҷуми аҷнабиён сӯзонида хароб гаштааст. Далели ин гуфтаҳо боқӣ мондани осори хокистар ва лахчаҳо дар деворҳои долони ёдгорӣ мебошад.

Инчунин, аз ҳудуди ёдгории мазкур бозёфтҳои фулузии гуногун, ба мисли сиккаҳои мисӣ, нуқрагӣ, ангуштарҳо ва ҷузъҳои ороишии либос пайдо гардиданд, ки далел аз қадимӣ будани ин мавзеъ мебошанд”, – зикр мешавад дар хабар.

Гуфта мешавад, мавҷуд будани ин гуна кӯшкҳо дар Панҷакент ва Маймурғ дар сарчашмаҳои таърихӣ низ зикр ёфтаанд.

Дар назар аст, ки кӯкши кашфшуда ба Феҳристи ёдгориҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистон шомил шавад. “Дар оянда ҳадаф ҳаст, ки дар ҳамкорӣ бо мутахассисони Эрмитажи давлатии Руссия моҳҳои июл-августи соли равон дар ин ёдгорӣ ковишҳои ҳафриётӣ гузаронида шавад”, – илова мешавад дар хабари Осорхона.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...