Эмомалӣ Раҳмон прокурорҳои генералии кишварҳои узви СҲИ-ро ба ҳузур пазируфт

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, 16 май прокурорҳои генералӣ ва роҳбарони ҳайатҳои кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ (СҲИ)-ро, ки барои иштирок дар нишасти прокуратураҳои генералии кишварҳои аъзои Созмон ба Тоҷикистон ташриф оварданд, ба ҳузур пазируфт. Тавре ки хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар медиҳад, Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи пайвастаи Тоҷикистонро ба ҳамкорӣ дар доираи Созмон таъкид дошта, […]

Asia-Plus

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, 16 май прокурорҳои генералӣ ва роҳбарони ҳайатҳои кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ (СҲИ)-ро, ки барои иштирок дар нишасти прокуратураҳои генералии кишварҳои аъзои Созмон ба Тоҷикистон ташриф оварданд, ба ҳузур пазируфт.

Тавре ки хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар медиҳад, Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи пайвастаи Тоҷикистонро ба ҳамкорӣ дар доираи Созмон таъкид дошта, дар робита ба саҳми арзандаи кишварҳои аъзо дар самтҳои муҳими фаъолияти ин созмон андешаронӣ кард.

“Мо ҳамеша таъкид мекунем, ки сулҳу субот дар минтақаи ЭКО омили калидӣ барои расидан ба ҳадафи аслии Созмон, яъне рушду нумӯи иқтисодӣ ва некӯаҳволии мардум аст”, изҳор дошт сарвари давлати Тоҷикистон.

Сарвари давлат ҳамзамон аз иқтидорҳои фарохи иқтисодӣ дар доираи СҲИ ёдовар шуда, нақши мақомоти прокуратураро дар иҷрои вазифаҳои бағоят пурмасъули назорати риояи иҷрои қонунҳо ва дар ин замина таъмини волоияти қонун, ҳимояи соҳибихтиёрӣ, истиқлолият,  ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, арзишҳои демократӣ ва манфиатҳои давлату ҷомеа, таъкид намуд.

Эмомалӣ Раҳмон ба вазъи мураккаби сиёсӣ дар арсаи ҷаҳон, афзоиши таҳдидҳо ба амнияти кишварҳо, оқибатҳои фалокатбори терроризм, зуҳуроти ифротгароӣ ва тундгароии сиёсию динӣ, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, ҳамчунин, амалҳои тахрибкоронаи ҳаракатҳои иртиҷоӣ тамаркуз намуда, идомаи ҳамкориҳои ҳамгироёнаи кишварҳои аъзо, бахусус мақомоти соҳавии онҳоро зарур донист.

Таъкид шуд, ки дар муқовимат ба ҷиноятҳои муташаккили фаромарзӣ, аз ҷумла қочоқи маводи мухаддиру силоҳ ва киберҷиноятҳо Тоҷикистон шарики табиии ҳамаи кишварҳо мебошад.

Дар фарҷом изҳори умед карда шуд, ки аз рӯи натиҷаҳои вохӯрӣ дар Душанбе оид ба рушди минбаъдаи ҳамкорӣ дар самти мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва таъмини қонуният, амният ва субот дар кишварҳо, ки дар навбати худ ба тавсеаи беш аз пеши робитаҳои иқтисодии кишварҳои аъзои ЭКО мусоидат менамоянд, қарорҳои муҳим қабул хоҳанд гардид.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.