Навраси 13-сола дар дарёи Хонақоҳи Ҳисор ғарқ шуд

Шоми 15 май як наврас дар Ҳисор ҳангоми оббозӣ ғарқ шуд. Ҷасади ӯро субҳи имрӯз дарёфт кардаанд. Тавре ки Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ хабар медиҳад, ин ҳодисаи фоҷеабор дар дарёи Хонақоҳ рух додааст. “Рӯзи 15 май ҳангоми оббозӣ дар дарёи Хонақоҳ навраси 13-сола, сокини шаҳри Ҳисор ғарқ шуд. Кормандони шуъбаи КҲФ дар шаҳри Ҳисор дар […]

Шоми 15 май як наврас дар Ҳисор ҳангоми оббозӣ ғарқ шуд. Ҷасади ӯро субҳи имрӯз дарёфт кардаанд. Тавре ки Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ хабар медиҳад, ин ҳодисаи фоҷеабор дар дарёи Хонақоҳ рух додааст.

“Рӯзи 15 май ҳангоми оббозӣ дар дарёи Хонақоҳ навраси 13-сола, сокини шаҳри Ҳисор ғарқ шуд. Кормандони шуъбаи КҲФ дар шаҳри Ҳисор дар ҳамдастӣ бо аҳолии маҳаллӣ субҳи имрӯз, 16 май ҷасади наврасро 1 километр поинтар аз ҷойи ҳодиса дарёфт намуда, ба мақомоти дахлдор супурданд”, – хабар доданд дар Кумита.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода чандин маротиба ба аҳолӣ муроҷиат намуда, изҳор дошта буд, ки мавсими оббозӣ ҳоло боз нашудааст ва волидонро ба ҳушёрӣ ва назорати кӯдакон даъват кард.

Аммо, сарфи назар аз ин, қариб ҳар рӯз дар бораи ҳодисаҳои фоҷеабор дар обанборҳои тамоми қаламрави кишвар, ки дар онҳо кӯдакону наврасон ҳузур доранд, хабарҳо мерасанд.

Дар ин робита, Кумита бори дигар аз волидон боисрор хоҳиш мекунад, ки кӯдаконро бе назорат нагузоранд, ба онҳо пайомади эҳтимолии риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ дар обанборҳо ва риояи қатъии онҳоро фаҳмонанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.