Фолбиниву ҷодугарӣ акнун ҷиноят аст. Ҷазо барои ин амалҳо пурзӯр шуд

Asia-Plus

Парлумони кишвар зимни ҷаласае, ки рӯзи 8‑уми май баргузор шуд, тағйирот ба Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон дар мавриди пурзӯр кардани ҷазо барои машғул шудан ба сеҳру ҷоду ва фолбиниро қабул кард.

Ба навиштаи “Садои мардум” – нашрияи парлумони кишвар, тибқи ин тағйирот, ба моддаи 201-и кодекси мазкур банди нав илова карда шуда, барои машғул шудан ба сеҳру ҷоду ва фолбинӣ, агар чунин кирдор дар давоми соли баъди татбиқи ҷазои маъмурӣ содир шуда бошад, ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбинӣ гардид. Қаблан барои ин кирдор танҳо ҷазои маъмурӣ пешбинӣ шуда буд.

Ҳамчунин, парлумони кишвар ба банди 2-юми моддаи 482-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тағйирот ворид карда, андозаи ҷаримаи маъмуриро зиёд кард ва дар баробари ин, ҳабси маъмурӣ низ ҳамчун ҷазои алтернативӣ илова намуд.

Қаблан ин моддаи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷарима аз 60 то 100 нишондиҳандаро пешбинӣ карда буд.

Ёдовар мешавем ки ин аввалин чораи давлат дар мубориза бо ҷодугарон ва фолбинҳо нест. Моҳи апрели соли равон Вазорати  корҳои дохилии кишвар хабар дода буд, ки дар Тоҷикистон ҷодугарон, муллоҳои тӯмору таштобдиҳанда ва шахсони ба таълими ғайриқонунии динӣ машғулро рӯйхат мекунанд ва онҳоеро, ки бо мардумфиребӣ зиндагиашонро пеш мебаранд, то 6 моҳ ҷазои меҳнатии маҷбурӣ таҳдид мекунад.

Бояд гуфт, ки вақтҳои охир амалиёти боздошти соҳирону ҷодугарону фолбинон дар ҷанубӣ Тоҷикистон зиёд шудааст. Қаблан қариб 70 нафар ҷодугарону фолбинон дар вилояти Хатлон боздошт шуда буданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...