Раиси дастгоҳи Иброҳим Раисӣ ҷузъиёти суқути чархболро шарҳ дод

Шаҳноз Ализода, махсус барои Asia-Plus

Ғуломҳусейн Исмоилӣ, раиси дафтари раисиҷумҳури Эрон, ҷузъиёти нави суқути чархболеро, ки дар пайи он Иброҳим Раисӣ, раиси ҷумҳур, вазири умури хориҷа ва ҳайати ҳамроҳаш ҷон бохтанд, ошкор кардааст.

Ба иттилои хабаргузории “Тасним”, раиси дафтари президенти Эрон дар чархболи дигаре будааст, ки раиси ҷумҳурро ҳамроҳӣ мекард.

Ғуломҳусейн Исмоилӣ гуфтааст, дар ҷараёни парвоз ба Озарбойҷони Ғарбӣ ва роҳи баргашт боду ҳаво муътадил буд.

Ӯ зикр кардааст, ки ҳангоми сафар дар масири парвози онҳо меҳ (туман) набуд, абрҳо аз болои чархбол андаке баланд будаанд ва халабони чархболи президент ба халабонҳои ду чархболи дигар фармон додааст, ки аз абрҳо боло бароянд.

“Пас аз тақрибан 30 сония чархболи раиси ҷумҳур нопадид шуд ва тасмим гирифтем, ки баргашта, чархболи гумшударо ҷустуҷӯ кунем. Фосила байни муколамаи охирини халабонҳои чархболҳо на бештар аз якуним дақиқа буд”, – гуфтааст Исмоилӣ.

Ӯ зикр кардааст, кӯшишҳои онҳо барои тамос бо халабони чархболи раиси ҷумҳур дар лаҳзаҳои аввали ҳодиса бесамар будааст. Чанде пас, ба халабони чархболи онҳо Алӣ Ҳошим, имоми масҷиди ҷумъаи устони Табрез, ки ҳамроҳи Раисӣ дар як чархбол буд, занг зада, гуфтааст, “худамро хуб ҳис намекунам, намедонам, чӣ шуд, намедонам, ки дар куҷоям, зери дарахтонам, ман намебинам ҳеҷ касро, ман танҳо ҳастам”.

Ин лаҳза маълум шудааст, ки чархболи “Bell 212”-и раиси ҷумҳур суқут кардааст.

“Мо бо Алӣ Ҳошим ҳудуди се соат, то вақти маргаш, тамос доштем”, – иброз доштааст Исмоилӣ.

Дар мавриди боду ҳаво Исмоилӣ такроран зикр кардааст, ки “масири аввал аз Табрез то Оқбанд ва аз онҷо то сарбанди Қиз‑қаласӣ ҳаво муътадил буд ва дар роҳи бозгашт дар водӣ абрро мушоҳида кардем”.

“Он вазъияте, ки дар наворҳо нишон дода шудааст, баъди се соати суқути чархбол аст, ки дар он макон обу ҳаво хеле тағйир ёфта буд”, – таъкид кардааст Исмоилӣ.

Бояд гуфт, дар расонаҳо номусоидии боду ҳаво чун яке аз сабабҳои суқути чархбол зикр мешавад, аммо хабаргузории ИРНА ахиран навишт, ки сабаби суқути чархбол метавонист мушкилоти фаннӣ бошад.

Дар дохили чархболе, ки президенти Эрон Иброҳим Раисӣ қарор дошт, инчунин вазири умури хориҷӣ Ҳусейн Амир Абдуллоҳиён ва боз шаш мақомдори дигар қарор доштанд, ки ҳама ҷон доданд. Ин ҳайат аз маросими ифтитоҳи садди “Қиз Қалъасӣ” дар сарҳад бо Озарбойҷон бармегашт, ки дар он инчунин президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев ҳам иштирок кард.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...