Дар радабандии рақобатпазирӣ дар бахши сайёҳӣ нишондиҳандаҳои Тоҷикистон каме беҳтар шуданд

Дар радабандӣ (рейтинг)-и рақобатпазирӣ дар бахши сайёҳӣ байни 119 кишвари ҷаҳон Тоҷикистон дар зинаи 99-ум қарор дорад. Ин радабандӣ аз ҷониби Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ (ВЭФ) барои соли 2024 нашр шудааст. Шохис (индекс)-и рақобатпазирии сайёҳӣ ва сайру саёҳат (TTDI) нишон медиҳад, ки аз 9 балли имконпазир Тоҷикистон 3,42 балл гирифтааст, ки нисбат ба солҳои пешин каме […]

Дар радабандӣ (рейтинг)-и рақобатпазирӣ дар бахши сайёҳӣ байни 119 кишвари ҷаҳон Тоҷикистон дар зинаи 99-ум қарор дорад. Ин радабандӣ аз ҷониби Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ (ВЭФ) барои соли 2024 нашр шудааст.

Шохис (индекс)-и рақобатпазирии сайёҳӣ ва сайру саёҳат (TTDI) нишон медиҳад, ки аз 9 балли имконпазир Тоҷикистон 3,42 балл гирифтааст, ки нисбат ба солҳои пешин каме беҳтар аст.

Бари муқоиса, соли 2021 Тоҷикистон 3,41 балл ва дар соли 2019 – 3,40 балл дошт. Аз рӯи дигар нишондиҳандаҳо ҳам беҳбудӣ ба назар мерасад.

Соли 2023 1,2 млн нафар сайёҳон аз Тоҷикистон бозидид кардаанд, ки 20,2% зиёдтар нисбат ба соли 2022 мебошад. Дар семоҳаи аввали соли 2024 265 ҳазор сайёҳон ба Тоҷикистон омадаанд.

Бино ба маълумоти Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ, дар соли 2023 воридоти маблағ аз сайёҳӣ 18,1 млн доллар (соли 2021 – 6,4 млн доллар ва соли 2019 – 8,9 млн доллар)-ро ташкил дода, ҳиссаи сайёҳӣ дар ММД дар сатҳи 252,7 млн доллар (соли 2021 – 106,1 млн доллар ва соли 2019 – 221 млн доллар) арзёбӣ мешавад.

Дар категорияҳои амният ва ҳифзи солимӣ Тоҷикистон ба баллҳои баланд – мутаносибан 33 ва 64-ум аз 6,08 то 4,71 балл соҳиб шудааст.

Аз лиҳози рақобатпазирии нарх Тоҷикистон бо баҳои 5,90 балл мақоми 10-умро касб кардааст.

Аз рӯи нишондиҳандаи устувории экологӣ Тоҷикистон бо касби 3,93 балл дар зинаи 89-ум ва аз рӯи устувории талабот ба сайёҳӣ – бо 4,46 балл дар мақоми 21-ум қарор гирифтааст.

Аммо, тибқи маълумоти муаллифони радабандӣ, дар як қатор соҳаҳо Тоҷикистонро ҳоло лозим аст бисёр корҳоро ба сомон расонад. Дар категорияи хидматрасонӣ ва зерсохтор дар сайёҳӣ кишвар бо 1,63 балл зинаи 95-умро ишғол кардааст. Ин ба зарурати сармоягузории минбаъда ва беҳбуди шароит дар ин самт ишора мекунад.

Дар категорияи омодагии рақамӣ низ Тоҷикистон баҳои паст – 3,39 балл гирифта, дар зинаи 110-ум ҷойгир шудааст.

Гуфта мешавад, беҳбуди рақобатпазирӣ дар бахши сайёҳӣ ба ҷалби бештари сайёҳон ва зиёдшавии даромад аз фаъолият дар ин соҳа мусоидат намуда, ба иқтисоди ҷумҳурӣ таъсири мусбат мерасонад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.