Тайи 1 шабонарӯз дар обҳои Тоҷикистон 2 нафар ғарқ шуданд

Рӯзи 22 май дар деҳаи Сафобахши ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон як шаҳрванди хориҷӣ ғарқ шуд. Ҷасади ӯ пас аз якчанд соати ҳодиса аз ҷониби имдодгарон дарёфт шуд. Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ хабар медиҳад. Гуфта мешавад, шаҳрвандии хориҷии фавтида донишҷӯи 25-солаи Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон аз Ҳиндустон будааст. Ҷасади ӯ ба ихтиёри кормандони милитсия […]

Манзума Фируз, Asia-Plus

Рӯзи 22 май дар деҳаи Сафобахши ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон як шаҳрванди хориҷӣ ғарқ шуд. Ҷасади ӯ пас аз якчанд соати ҳодиса аз ҷониби имдодгарон дарёфт шуд. Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, шаҳрвандии хориҷии фавтида донишҷӯи 25-солаи Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон аз Ҳиндустон будааст. Ҷасади ӯ ба ихтиёри кормандони милитсия супурда шудааст.

Ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, ин ҳодиса дар вақти истироҳату дамгирӣ ва оббозии як гурӯҳи донишҷӯён рух додааст.

“Ба гуфтаи дӯстони донишҷӯ, ӯ бар асари беэҳтиётӣ ғарқ шудааст, – хабар медиҳад манбаъ. – Имдодгарони Кумита ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуда, ҷасади ӯро пайдо ва аз об берун гирифтанд”.

Гуфта мешавад, ҳодисаи нохуши дигар дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ ба қайд гирифта шудааст.

“Рӯзи 22 май сокини 30-солаи шаҳри Бӯстон ҳангоми истироҳат дар обанбори “Баҳри тоҷик” дар Гулистон бар асари риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ аз гидросикл афтода, ғарқ мешавад. Имдодгарони Раёсати Кумита дар вилояти Суғд ба ҷустуҷӯ пардохта, лекин он ҳоло бенатиҷа аст. Имрӯз корҳои ҷустуҷӯ барқарор карда шуданд”, – хабар медиҳад КҲФ.

Кумита бори дигар хотиррасон мекунад, ки мавсими оббозӣ ҳоло оғоз нагардидааст ва аз шаҳрвандону меҳмонони ҷумҳурӣ дархост мешавад, ки эҳтиёткор бошанд ва ҳамеша қоидаҳои бехатариро риоя намоянд, то ки минбаъд чунин ҳодисаҳои нохуш рух надиҳанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои...

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.