Эмомалӣ Раҳмон бо сафари давлатӣ ба Озарбойҷон рафт

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон нимаи дуюми рӯзи 22 май бо сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Озарбойҷон рафт. Тавре ки хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар медиҳад, дар ин сафар Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷӣ, ёвари президент оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, вазирони рушди иқтисод ва савдо, саноат ва технологияҳои нав, корҳои дохилӣ, фарҳанг, раисони Кумитаи давлатии сармоягузорӣ […]

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон нимаи дуюми рӯзи 22 май бо сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Озарбойҷон рафт.

Тавре ки хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар медиҳад, дар ин сафар Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷӣ, ёвари президент оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, вазирони рушди иқтисод ва савдо, саноат ва технологияҳои нав, корҳои дохилӣ, фарҳанг, раисони Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, кумитаҳои ҳифзи муҳити зист, кор бо занон ва оила, директори Агентии содирот, президенти Академияи миллии илмҳо, сардорони хадамотҳои зиддиинҳисорӣ, иҷро ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ менамоянд.

Дар доираи сафар Эмомалӣ Раҳмон нахуст ба нишони эҳтиром ба таъриху тамаддун, шахсиятҳои маъруф ва шаҳидони ин кишвар дар назди оромгоҳи роҳбари умумимиллии Озарбойҷон Ҳайдар Алиев, ҳамсари Ҳайдар Алиев Зарифа Алиева ва дар назди гулхани ҷовидони шаҳидони Озарбойҷон гулчанбар гузошта, хотираи неки онҳоро пос дошт.

Ба иттилои хабаргузории давлатии АзерТАг, барномаи расмии сафар имрӯз, 23 май ба нақша гирифта шудааст. Дар назар аст, ки сарвари давлати Тоҷикистон бо президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев нахуст дар суҳбати хосса ва инчунин дар ҳайати васеъ дидору гуфтушунид мекунад. Аз рӯи натиҷаҳои гуфтушунид имзои бастаи санадҳои дуҷониба дар назар аст.

Бино ба маълумоти Кумитаи давлатии гумруки Озарбойҷон, ҳаҷми савдои дуҷониба байни кишварҳо дар соли 2023 каме бештар аз 6 млн доллар ва дар зарфи 4 моҳи соли 2024 зиёда аз 2 млн долларро ташкил дода буд, ки 78% зиёдтар нисбат ба нишондиҳандаи ҳамин давраи соли гузашта аст.

Қобили зикр аст, ки президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев моҳи апрели соли 2023 бо сафари давлатӣ аз Тоҷикистон боздид карда, дар доираи ин сафар байни кишварҳо 14 санади ҳамкорӣ дар сорҳаҳои гуногун ба имзо расида буд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.