Президенти Тоҷикистон дар маросими азои фавтидагони фоҷеа дар Эрон иштирок кард

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 22-уми май барои иштирок дар маросими видоъ ва изҳори таъзия бинобар даргузашти фоҷеавии Иброҳим Раисӣ, раиси ҷумҳури Эрон ба шаҳри Теҳрон сафар кард. Тавре ки хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар медиҳад, Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Теҳрон дар маросими азои фавтидагони фоҷеа – Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайидиброҳим Раисӣ ва ҳамроҳонаш […]

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 22-уми май барои иштирок дар маросими видоъ ва изҳори таъзия бинобар даргузашти фоҷеавии Иброҳим Раисӣ, раиси ҷумҳури Эрон ба шаҳри Теҳрон сафар кард.

Тавре ки хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар медиҳад, Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Теҳрон дар маросими азои фавтидагони фоҷеа – Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайидиброҳим Раисӣ ва ҳамроҳонаш иштирок кард.

Сарвари давлати Тоҷикистон ба муовини аввали Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммад Мухбир, мардуми дӯсту бародари Эрон ва наздикону пайвандони шаҳидшудагон ҳамдардии амиқ изҳор дошт.

Гуфта мешавад, зимни изҳори ҳамдардӣ Эмомалӣ Раҳмон аз нақши арзишманди шодравон Сайидиброҳим Раисӣ дар густаришу таъмиқи робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкории гуногунҷанба миёни Тоҷикистон ва Эрон ёдовар шуд.

Зимни суҳбати Эмомалӣ Раҳмон бо муовини аввали раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммад Мухбир ҳамчунин алоқамандии ҳарду ҷониб ба идомаи босубот ва густариши минбаъдаи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Эрон таъкид гардид.

Хотиррасон мешавад, ки рӯзи 19 май Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон шодравон Саидиброҳим Раисӣ ва ҳайати ҳамроҳаш бар асари суқути чархбол ба таври фоҷеавӣ ба ҳалокат расиданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.