Арзиши ҳадди ақалли ширкати “Барқи тоҷик” то 1 млрд 330 млн доллар боло рафт

Ҳукумати Тоҷикистон бо як қарори худ дастур дод, ки сармояи оинномавии Ҷамъияти саҳомии кушода (ҶСК)-и “Барқи тоҷик” ба маблағи зиёд аз 282,4 млн сомонӣ (26 млн доллар) боло бурда шавад. Дар санаде, ки дар портали иттилооти ҳуқуқии Вазорати адлияи кишвар нашр шудааст, гуфта мешавад, афзоиши сармояи оинномавӣ “бо роҳи баровардани саҳмияҳои иловагӣ зиёд карда мешавад”. […]

Пайрав Чоршанбиев, Asua-Plus

Ҳукумати Тоҷикистон бо як қарори худ дастур дод, ки сармояи оинномавии Ҷамъияти саҳомии кушода (ҶСК)-и “Барқи тоҷик” ба маблағи зиёд аз 282,4 млн сомонӣ (26 млн доллар) боло бурда шавад.

Дар санаде, ки дар портали иттилооти ҳуқуқии Вазорати адлияи кишвар нашр шудааст, гуфта мешавад, афзоиши сармояи оинномавӣ “бо роҳи баровардани саҳмияҳои иловагӣ зиёд карда мешавад”.

Дар қарор зикр мешавад, ки сармояи оинномавии ташаккулёфта пас аз баровардани саҳмияҳои иловагӣ зиёда аз 14,5 млрд сомонӣ (1 млрд 330 млн доллар)-ро ташкил медиҳад.

Дар Оинномаа ҶСК “Барқи тоҷик”, ки моҳи январи соли 2023 аз ҷониби ҳукумат тасдиқ шуд, гуфта мешавад, сармояи оинномавии ширкат “метавонад бо роҳи афзоиши арзиши номиналии саҳмияҳо ё баровардани саҳмияҳои иловагӣ зиёд карда шавад”, лекин ба он “танҳо пас аз пардохти пурраи он иҷоза дода мешавад”.

Ба афзоиши сармояи оинномавӣ бо мақсади ҷуброни зарари ширкат ё пардохти қарзи муҳлаташ таъхирафтода иҷоза дода намешавад.

Дар санад таъкид мешавад, ки  сармояи оинномавии ширкат тавассути саҳмҳо дар шакли бино, иншоот, таҷҳизот ва дигар арзишҳои моддӣ, коғазҳои қиматнок, арзишҳои зеҳнӣ, инчунин дигар ҳуқуқҳои амволӣ, воситаҳои пулӣ ташаккул ёфта, арзиши ҳиссаҳо бо асъори миллӣ муайян карда мешавад.

Ёдрас мекунем, ки муассиси ҶСК “Барқи тоҷик” ҳукумати Тоҷикистон буда, бастаи пурра (100%)-и саҳмияҳои ширкат ба он тааллуқ дорад.

ҶСК “Барқи тоҷик” пас аз бозсозии сохтор (қаблан – ШСХК “Барқи тоҷик”) танҳо ба истеҳсоли неруи барқ ва гармӣ машғул буда, инчнуин вазифаи оператори бозори неруи барқро ба уҳда дорад. Дар доираи навсозии сохтор боз ду ширкати дигар таъсис дода шуданд, ки ба интиқолд ва тақсимоти барқ машғуланд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.