Рӯзи 3 юми июн сафкашии сайёраҳоро метавон мушоҳида кард. Ин чист ва онро чӣ гунаву дар куҷо метавон дид?

Date:

Санаи 3-юми июни соли ҷорӣ сокинони сайёра шоҳиди дар як саф қарор гирифтани сайёраҳо хоҳанд шуд. Дар ин бора сомонаи  Starwalknews хабар додааст.

Ҳусейн Асоев, ходими илмии Донишкадаи нуҷумшиносии Тоҷикистон дар сӯҳбат бо “Азия‑Плюс” гуфт, ки ин ҳодисаро дар Тоҷикистон маъмулан замони тулуъи офтоб метавон мушоҳида кард.

“Дар як қатор саф кашидани 4 сайра – Муштарӣ, Уторид, Миррих ва Зуҳалро бидуни дурбини астрономӣ дидан мумкин мумкин аст. Инчунин, сайёраи Уранро, ки ба Уторид наздик аст ва Нептунро, ки ба Зуҳал наздик аст, тавассути дурбини астрономӣ дидан мумкин аст”, – гуфт Ҳусейн Асоев.

Ӯ таъкид кард, ки ин ҳодисаи маъмулии табиӣ аст ва онро аз ҳамаи кунҷи сайёраи Замин дидан мумкин аст.

 

Ин ҳодиса ба иқлим ва инсон таъсир мерасонад?

Таъсири ин падида ба инсон аз тарафи олимони соҳа ба қадри кофӣ омӯхта нашудааст. Баъзе аз нуҷумшиносон иддао мекунанд, ки он ба ҷисму саломатии баъзе одамон метавонад таъсири манфӣ расонад.

“Аз ҷиҳати илмӣ ин ҳодиса ба фаъолияти Замин ва Офтоб таъсир мерасонад ва метавонад боиси тағйирёбии иқлим гардад. Агар ду сайёра аз ду тараф ё як тарафи Офтоб ҷойгир шаванд, дар ин ҳолат гармии Офтоб бештар шуда, имкони бориши боронҳои магнитӣ зиёд мегардад ва ин ҳолат ба саломатии инсон таъсири манфӣ мерасонад”,‑ гуфт Ҳусейн Асоев.

 

Сафкашии сайёраҳо чист?

Сафкашии сайёраҳо истилоҳи астрономӣ буда, маънои дар як қатор саф кашидани сайёраҳоро дорад. Ин падидаро ба таври ғайрирасмӣ “ҳамбастагии сайёраҳо” низ мегӯянд.

Сафкашии панҷ сайёра ё бештар аз он падидаи нодир ҳисобида мешавад.

Ба иттилои Starwalknews то охири соли оянда дар маҷмӯъ панҷ ҳолати сафкашии сайёраҳо дар назар аст:

  • 3 июни соли 2024,
  • 28 августи соли 2024,
  • 18 январи соли 2025,
  • 28 феврали 2025,
  • 29 августи соли 2025.

Дар ин силсила сафкашии 28-уми феврали соли 2025‑ро камёб арзёбӣ мекунанд, ки зимни он ҳамаи ҳафт сайёраи дигар намоён хоҳанд шуд. Онро тавассути дурбини астрономӣ беҳтар тамошо кардан мумкин аст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Овозаи маргаш ду моҳ пеш паҳн шуд”. Ҷасади боз як ҷавони тоҷикро аз ҷанги Русия дар Украина оварданд

Тани беҷони Кароматулло Одинаев, як ҷавони 26-солаи тоҷик, ки...

Боздошти як қочоқбар дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон

Дар пайи як амалиёти Қӯшунҳои сарҳадӣ дар марзи Тоҷикистон...

“Баъди ду рӯзи бедаракшавӣ ҷасадашро аз дарё ёфтанд”. Ҷузъиёти марги мармузи Ёсинҷони 14-сола дар Исфара

Мақомот дар Исфара марги мармузи Ёсинҷони 14-соларо, ки ҷасади...