Размикорони тоҷики ММА Наимов ва Ғафуров 22 июн ба октагони UFC FIGHT NIGHT мебароянд

Размикорони тоҷики ММА Муҳаммад Наимов ва Муин Ғафуров рӯзи 22 июни соли 2024 дар мусобиқаи UFC FIGHT NIGHT дар Арабистони Саудӣ иштирок мекунанд. Дар қувваозмоиҳои пешакӣ (кард) Муҳаммад Наимов дар вазни нимасабук  бо Мелсик Багдарсарян аз Арманистон ва Муин Ғафуров дар вазни сабуктарин бо намояндаи Кореяи Ҷанубӣ Кун Хо Канг рақобат мекунанд. Рақобати охиринро Муҳаммад […]

Размикорони тоҷики ММА Муҳаммад Наимов ва Муин Ғафуров рӯзи 22 июни соли 2024 дар мусобиқаи UFC FIGHT NIGHT дар Арабистони Саудӣ иштирок мекунанд.

Дар қувваозмоиҳои пешакӣ (кард) Муҳаммад Наимов дар вазни нимасабук  бо Мелсик Багдарсарян аз Арманистон ва Муин Ғафуров дар вазни сабуктарин бо намояндаи Кореяи Ҷанубӣ Кун Хо Канг рақобат мекунанд.

Рақобати охиринро Муҳаммад Наимов дар мусобиқаи UFC рӯзи 25 феврали соли 2024 дар Мехико гузаронида, хеле зуд бар Эрик Силва аз Венесуэла дастболо шуд.

Муин Ғафуров рақобати охирини худро моҳи октябри соли 2023 бо Саид Нурмагомедов баргузор намуда, ба шикаст дучор шуд.

UFC ташкилоти бузурги байнулмлалии варзишӣ оид ба муҳорибаҳои омехта дар шарикӣ бо Сарраёсати фароғати Шоҳигарӣ (GEA) рӯзи 22 июн мусобиқаи аввалини худро барпо мекунад.

Қобили зикр аст, ки дар ин мусобиқа хабарнигори Asia-Plus низ ширкат варзида, дар бораи рӯйдодҳоигавқовари он хабару гузориш медиҳад.

Рӯйдоди асосии ин чорабинӣ қувваозмоӣ байни Роберт Уиттакер ва Хамзат Чимаев мебошад. Собиқ қаҳрамони ҷаҳон дар вазни миёна Уиттакер (26-7-0, Австралия) ба Октагон бармегардад, то ки ба силсилаи ғалабаҳо дар қувваозмоии деринтизор дар Ар-Риёз бо Хамзат Чимаев идома бахшад.

Чимаев (13-0-0, АМА) талош дорад, мағлубнашуда боқӣ монда, дар вазни миёна ба зинаҳои болотар барояд. Бори охир Чимаев дар UFC 294 бар собиқ қаҳрамони ҷаҳон Камар Усмон дастболо шуда буд.

Дар доираи нахустин дар таърих мусобиқаи UFC дар Арабистони Саудӣ мухлисон ҳамчунин шоҳиди рақобати размикорон дар вазни гарон – Павлович (18-2, Русия) ва Александр Волков (37-10) хоҳанд шуд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.