Вазорати дифоъ: Нақшаи даъвати ҳарбӣ 100 дарсад иҷро шуд

Asia-Plus

Нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоятҳо ва тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат пеш аз муҳлат иҷро шудааст. Дар ин бора хадамоти матбуоти Вазорати дифоъ кишвар хабар медиҳад.

“Аз 1-уми апрел то 22-юми майи соли 2024 нахуст Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, баъдан чаҳор навоҳии шаҳри Душанбе, вилояти Хатлон, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва вилояти Суғд оид ба иҷрои 100 фоизаи нақшаи даъвати ҷавонписарон ба сафи Артиши миллии Тоҷикистон гузориш доданд”, – менависад манбаъ.

Аммо, ба иттилои ин ниҳод, “бо мақсади баррасӣ намудани муроҷиати шаҳрвандон фаъолияти мақомоти масъули вобастаи ин чорабинии муҳими сиёсӣ ё худ комиссияҳои даъватӣ то охири моҳи майи соли равон идома меёбад”.

Ҳамчунин, дафтари матбуоти Вазорати дифоъ навиштааст, бо назардошти зиёд будани теъдоди шаҳрвандони ихтиёрӣ, ба хусус ҷавонписарони дорои маълумоти олӣ, ки хоҳиши шомил шудан ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳро доранд, даъвати имсолаи баҳории шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ хуб арзёбӣ карда мешавад.

Зикр гардидааст, ки дар ҷараёни маъракаи даъвати ҳарбии имсола “монеаву мушкилот ба назар намерасад”.

Гуфтан ба маврид аст, ки мавзӯи ҷалби ҷавонон ба артиш дар Тоҷикистон солҳо боз доғ мемонад. Шароити номуносиб, бадрафторӣ бо сарбозон, меҳтарсолорӣ (дедовшина) ва марги ҷавонон дар қисмҳои ҳарбӣ аз сабабҳои аслии саркашии ҷавонон аз хидмат дар артиши Тоҷикистон гуфта мешавад.

Чанд соли охир дар ҷараёни маъракаи даъват аз “шева”-ҳои нав истифода мешавад. Аз “гаравгонгирии волидайн” то буридани хати барқи аҳолӣ ва бастани дари масҷидҳо.

Ғайр аз ин, имсол дар Душанбе шеваи нави “сарбозшикор”-ро пеш гирифтаанд: чанде аз ҷавонон дар шабакаҳои иҷтимоӣ нигаронӣ карданд, ки онҳоро дар гӯшаҳои гуногуни пойтахт иҷборан ба маршруткаи берақам бор карда, дар бораи хидмати ҳарбӣ кардан ва ё накарданашон пурсон мешаванд.

Мақомоти масъули кишвар пайваста ба набудани “облава” таъкид мекунанд. Масъулин мегӯянд, ҷавонон баъди гирифтани даъватнома агар ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир нашаванд, мақомоти милитсия ҳақ дорад, онҳоро зӯран ҳозир кунад.

Бояд гуфт, дар Тоҷикистон дар ду навбат – баҳор ва тирамоҳ ҷавонони аз 18 то 27-соларо барои хидмат дар артиш ҷалб мекунанд.

Ёдовар мешавем, ки аз 1-уми апрел даъвати шаҳрвандони солҳои таваллуди 1997-2006-и Тоҷикистон ба хидмати ҳарбӣ оғоз шуд ва он то 31-уми май идома меёбад.

Ҳамчунин, дар Тоҷикистон ҷавонон метавонанд хидмати ҳарбиро бо пардохти маблағ адо намоянд. Хидмати ҳарбии пулакӣ чист ва чӣ гуна метавон онро адо кард, дар ин матлаби мо хонед: “Квота барои хидмати ҳарбии пулакӣ чӣ гуна ҷудо мешавад ва ба куҷо бояд муроҷиат кард?”.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...