Роҳбари ФСБ Русия: “Дар робита ба қазияи “Крокус” зиёда аз 20 нафар боздошт шуданд”

Asia-Plus

Сардори Хадамоти федералии амният (ФСБ)-и Русия Александр Бортников хабар додааст, ки дар робита ба парвандаи ҳамлаи террористӣ дар толори консертии “Крокус Сити Холл”, ки 22 марти соли равон дар вилояти Маскав сурат гирифт, зиёда аз 20 нафар боздошт шудаанд, менависад РБК.

Зимни суханронӣ дар ҷаласаи Шӯрои роҳбарони мақомоти амният ва хадамоти махсуси кишварҳои узви ИДМ дар Бишкек Бортников изҳор доштааст, ки дар ҳамдастии бевосита бо ҳамтоён аз Қазоқистону Қирғизистон ва Тоҷикистону Ӯзбекистон муқаррар шудааст, ки корҳои омодагӣ, маблағгузорӣ, ҳамла ва макони амалро тарк намудани террористон тариқи Интернет аз ҷониби аъзои гурӯҳи фаъолияташ манъшудаи “Вилояти Хуросон” (филиали “Давлати исломӣ”дар Афғонистон), ки дар минтақаи Афғонистону Покистон қарор доштанд, ҳамоҳанг мешуд.

“Айни замон мо ҳамаи доираи афроди дар ин амал дастдоштаро муайян карда истодаем. Аллакай зиёда аз 20 нафар шахсон, аз ҷумла иҷрокунандагон ва ҳаммаслакони бевосита боздошт шуданд”, – таъкид доштааст ӯ.

Ахиран дар бораи боздошти 13 нафар, аз ҷумла 12 шаҳрванди Тоҷикистон хабар дода буданд. Миёни онҳо 4 нафари иҷрокунандагони эҳтимолии амали террористӣ – Далерҷон Мирзоев, Муҳаммадсобир Файзов, Фаридун Шамсиддин ва Саидакрам  Раҷабализода низ ҳузур доранд.

Бортников ба ҳамтоёни худ аз хадамоти махсуси кишварҳои узви ИДМ барои кумак ба тафтишоти ҳамлаи террористӣ дар “Крокус Сити Холл” изҳори миннатдорӣ кардааст.

“Аз ҳамтоёни худ барои мусоидат ва кумаки ҳамаҷониба ба тафтишот миннатдорем”, – зикр кардааст роҳбари Хадамоти федералии амнияти Русия.

Тавре ки хабаргузории РБК менависад, ӯ ҳамчунин изҳор намудааст, ки Сарраёсати иктишофи Вазорати мудофиаи Украина ба амали террористӣ бевосита даст дорад ва таъкид доштааст, ки ҳолатҳои ҷиноят мавриди тафтиш қарор гирифта, гунаҳкорон муҷозот мешаванд.

Дар бораи ҷузъиёти ин масъала ӯ дигар маълумот надодааст. Ба гуфтаи Бортников, яке аз ҳадафҳои фармоишгарони амали террористӣ зиён расонидан ба муносибатҳои кишварҳои ИДМ “бо истифода аз омилҳои динӣ ва миллӣ” мебошад.

“Ҳарифони геополитикии мо мехоҳанд тавозуни беназири байни дину миллатҳоро, ки дар давраи тӯлонии ҳамзистии халқҳои мо ташаккул ёфтааст, халалдор созанд”, – чунин мешуморад Бортников.

Аввали моҳи май роҳбари Хадамоти федералии амнияти Русия гуфта буд, ки ташкилкунандаи ҳамлаи террористӣ дар хориҷа қарор дорад, лекин маҳз бобати дар куҷо будани он маълумот надода буд.

Мақомоти Украина ҳоло нисбати изҳороти Бортников ҳеҷ вокунише нишон надода, лекин қаблан вақте ки Маскав ба “даст доштани Украина” ишора карда буд, Киев ин иттиҳомотро беасос номида буд.

Ёдрас мекунем, ки амали террористӣ дар толори “Крокус Сити Холл”-и вилояти Маскав шоми рӯзи 22 марти соли равон рух дод. Пеш аз оғози консерти гурӯҳи “Пикник” мардони мусаллаҳ ба тирпаронӣ дар толор оғоз намуданд, ки сӯхтор сар зада, майдони 13 ҳазор метри мураббаъро фаро гирифт. Бар асари ин амали террористӣ 145 нафар ҳалок шуда, зиёда аз 550 кас осеб диданд.

Кумитаи тафтишоти Русия ба таҳқиқи парвандаи ҳамлаи террористӣ дар “Крокус Сити Холл” идома дода, чанд рӯз пеш додгоҳ муҳлати ҳабси шаҳрвандони Тоҷикистонро, ки ба ин амал гумонбар дониста мешаванд, то 22 август тамдид кард.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...