Ҷаримаи волидони хонандагони мактаби Душанбе барои паст задани шаъну эътибори омӯзгор

Нисбат ба волидони хонандагони мактаби №66-и шаҳри Душанбе барои паст задани шаъну эътибори муаллим протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуд. Дар ин бора Раёсати ВКД ҶТ дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад. Ба иттилои манбаъ, дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе нашр шудааст, ки дар он омӯзгор як хонандаро сарзаниш мекунад. Гуфта мешавад, зимни санҷиш муайян карда шудааст, ки […]

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Нисбат ба волидони хонандагони мактаби №66-и шаҳри Душанбе барои паст задани шаъну эътибори муаллим протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуд. Дар ин бора Раёсати ВКД ҶТ дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе нашр шудааст, ки дар он омӯзгор як хонандаро сарзаниш мекунад.

Гуфта мешавад, зимни санҷиш муайян карда шудааст, ки ҳодисаи мазкур рӯзи 24-уми майи соли равон дар мактаби таҳсилоти умумии №66-и ноҳияи Синои пойтахт рух додааст.

“Омӯзгори фанни математика Ҳотам Ғоибов ба амалу рафтори ноҷои хонанда ва надоштани лавозимоти хониш эрод гирифта, бо мақсади ислоҳ ӯро сарзаниш кардааст, ки ин танҳо ғамхории падаронаи ӯстод нисбати хонанда аст”, – омадааст дар хабар.

Гуфта мешавад, хонандаи дигар бо истифода аз бемасъулиятии волидайн ба мактаб телефони мобилӣ оварда, бо мақсади паст задани шаъну шарафи устод онро наворбардорӣ ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр намудааст. Ҳамзамон, аз ҷониби дигар хонандагон низ раванди дарс халалдор гаштааст

Вобаста ба ин нисбати волидайни 4-нафар хонанда, барои зоҳир намудани бемасъулиятӣ дар таълиму тарбияи фарзанд тибқи талаботи моддаи 90 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуданд.

Қобили зикр аст, ки волидони толибилмон метавонанд дар ҳаҷми аз 3 то 7 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (1 нишондиҳанда – 72 сомонӣ) ҷарима шаванд.

Ҳамзамон нисбати муаллим низ ҷиҳати минбаъд муносибати бодиққатона бо хонандагон ва риояи низоми таҳсилот корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбиву техникӣ созишнома ба имзо расониданд

Санад метавонад барои табодули силоҳ, технологияҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам оварад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.