“Хандасарой” – и Холиқназар Ҷумъазода чоп шуд

Китоби нави Холиқназар Ҷумъазода, рӯзноманигор ва адиби ҳаҷвнавис зери унвони “Хандасарой” аз чоп баромад, ки фарогири латифаву шӯхиҳо ва хотираҳои шавқовари нависанда аз пирони зодгоҳаш аст. Муаллифи китоб ангезаи иншои асарро дар суӯбат ба “Asia-Plus” шикастани ташнагии дӯстдорони ҳаҷв номид. “Бо пешкаш намудани китоби “Хандасарой” барои шикастани ташнагии дӯстдорони ҳаҷв “ретсепт”-и нав пешниҳод мекунам ва […]

Муҳаммадназар Наҷмиддинов, махсус барои Asia-Plus

Китоби нави Холиқназар Ҷумъазода, рӯзноманигор ва адиби ҳаҷвнавис зери унвони “Хандасарой” аз чоп баромад, ки фарогири латифаву шӯхиҳо ва хотираҳои шавқовари нависанда аз пирони зодгоҳаш аст.

Муаллифи китоб ангезаи иншои асарро дар суӯбат ба “Asia-Plus” шикастани ташнагии дӯстдорони ҳаҷв номид.

“Бо пешкаш намудани китоби “Хандасарой” барои шикастани ташнагии дӯстдорони ҳаҷв “ретсепт”-и нав пешниҳод мекунам ва боварӣ дорам, ки бо ин тарзи табобат зиндагии дӯстдорони ханда хушу умрашон боз ҳам дарозтар мешавад”, – иброз дошт ӯ.

Бояд гуфт, ки Холиқназар Ҷумъазода аъзои Иттифоқҳои журналистон ва нависандагони Тоҷикистон буда, эҷодиёти ӯро асосан лутфу ҳозирҷавобии дӯстон ва шахсиятҳои шинохта, хушгӯиҳои одамони шӯху ҳозирҷавоб, муносибати ҷолиби устоди шогирд ва дигар танзу шӯхиҳо ташкил медиҳанд.

Ёдовар мешавем, ки қаблан китобҳои дигари Холиқназар Ҷумъазода, бо номҳои “Парандаҳои муҳоҷир” (соли 2013), “Биё, ки фолат бинам” (2021) ва “Ашкҳои зери борон” (2022) нашр гардида буданд.

Соли 2021 китоби ҳаҷвии “Биё, ки фолат бинам”-и ин нависанда дар озмуни “Китоби сол”, ки аз тарафи Вазорати фарҳанги Тоҷикистон баргузор мегардад, дар номинатсияи наср китоби сол эълон шуда буд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.