Ҷаҳон ҳамлаи охири Исроил ба Рафаҳро маҳкум кард. Нетаняҳу онро “иштибоҳи ғамангез” унвон кард

Муҳаммадназар Наҷмиддинов, махсус барои "Asia-Plus"

Ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамлаи маргбори артиши Исроил ба қароргоҳи оворагон дар ғарби Рафаҳи Фаластинро, ки дар пайи он 45 зану кӯдак кушта ва садҳо нафар захмӣ шудаанд, маҳкум ва онро ҷинояти ҷангӣ номид. Бенямин Нетаняҳу, сарвазири Исроил ин ҳамларо “иштибоҳи ғамангезе” унвон кард.

Исроил дар ҳоле ба шаҳри Рафаҳ ҳамла кард, ки чанде қабл Созмони Миллали Муттаҳид (СММ) ба ин кишвар амр дода буд, то ҷангро дар Ғазза қатъ ва барои ҳалли бӯҳрони башарӣ дар ин минтақа чораҳои фаврӣ андешад.

Созмони афви байналмиллал (Amnesty International) дар як баёния ҳамлаи охири Исроилро маҳкум ва онро ҷинояти ҷангӣ номид.

“Ҳамлаҳои ҳавоии ваҳшатнок алайҳи ғайринизомиён дар Рафаҳ охирин ҳамлае аст, ки тавассути нерӯҳои исроилӣ дар навори Ғазза бидуни риояти қавонини байналмиллал анҷом шуд. Ин гуна ҳамлаҳои ғайринизомӣ, ки боиси кушта ва захмӣ шудани ғайринизомиён мегардад, ҷиноятӣ ҷангӣ аст ва бояд баррасӣ шавад”, – омадааст дар баёния.

Ҷозеп Боррел, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо ҳам ҳамлаи Исроил ба шаҳри Рафаҳро маҳкум карда аз Исроил сахт интиқод кард. Ӯ гуфт, “вазъ баёнгари он аст, ки дар Ғазза дигар ҷойи амне боқӣ намондааст. Ҳамаи мо аз ин ҳамлаҳо ваҳшатзадаем”.

Инчунин, Стефан Дуҷарик, сухангӯи дабири кулли СММ гуфт, “бо шадидтарин иборатҳо ҳамла ҳамла ба чодарҳои оворагон дар Рафаҳро маҳкум мекунем ва хоҳони ҳар чӣ зудтар анҷом ёфтани ҷанг дар Ғазза мебошем”.

Сӯхангӯи СММ дар паёнияаш гуфт, Исроил бояд иҷоза диҳад, то кӯмакҳои башардӯстона бидуни монеа ва сангандозӣ вориди Ғазза шаванд.

Метю Миллер, сухангӯи вазорати хориҷаи Амрико гуфт, “Мо аз талафоти ғамангези мардум дар Рафаҳ мутаассифем”.

Ӯ таъкид кардааст, ки “ҳангоми мушоҳидаи гузоришҳо аз ин ҳодиса дарҳол бо давлати Исроил дар тамос гирифтем, то нигарониҳои худро нисбат ба он чӣ рух дода баён кунем. Мо аз онҳо хостем то таҳқиқоти комил анҷом дода, ба мо иттилоъи бештар диҳанд”.

Аҳмад Абулғайз, дабири кулли Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Арабӣ дар як нигоштае дар саҳифи “Х”-и худ ҳамлаи Исроилро маҳкум карда гуфтааст, ки сериалҳои ҷинояти Исроил алайҳи Фаластин идома дорад.

“Ин ҷинояти ҷадидро ба додгоҳҳои байналмиллалӣ ироа хоҳем кард, то парвандаи алайҳи ин ҷиноят тақвият ёбад ва масъулони ин ҷиноят таҳти таъқиби адолати байналмиллал қарор гиранд”, навиштааст ӯ.

Дар ҳамин ҳол, Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ҳамла ба Рафаҳро “иштибоҳи ғамангезе” унвон кардааст.

Ӯ дар суханроние дар парлумон кишвараш гуфт, “Ба рағми талошҳои мо барои осеб нарасонидан ба ғайринизомиёни бегуноҳ, шаби гзашта (26 май, – аз идора) иштибоҳи ғамангезе рух дод. Мо дар ҳоли баррасии ин ҳодиса ҳастем ва натиҷагирӣ хоҳем кард, зеро ин сиёсати мо аст”.

Зимнан, Камала Ҳарис, муовини раиси ҷумҳури Амрико, дар вокуниш ба суханони Натаяҳу дар сӯҳбат бо хабарнигорон гуфтааст, ки “вожаи “ғамангез” наметавонад ҳамлаи Исроил ба Рафаҳро тавсиф кунад”.

Дар пайи ҳамлаи рӯзи 26-уми май, дар шаҳрҳои Дейтруди Амрико, Торонтои Канада, Пориси Фаронса, Берлини Олмон, Сантягои Чилӣ садҳо нафар бо овезаву шиорҳои ҳимоят аз Фаластин ба кӯчаҳо баромада, ҳамлаҳои Исроил ба Рафаҳро маҳкум ва хоҳони қатъи ҷанг шуданд. Муътаризон шиорҳои зидди ҷиноятҳои Исроил сар дода, хоҳони муҷозоти ин кишвар шуданд.

Ёдовар мешавем, ки чанд рӯз пеш, се кишвари аврупоӣ, Испания, Ирландия ва Норвегия давлати Фаластинро ба расмият шинохтанд.

Чанде қабл созмони Миллали Муттаҳид эълон кард, ки дар се ҳафтаи охир ҳамлаҳои Исроил ба шаҳри Рафаҳ беш аз як миллион нафар гуреза шуда ба ба минтақаҳои дигари Ғазза рафтаанд.

Ҷанг миёни Исроил моҳи октябри соли гузашта баъди ҳамлаи Ҳамос ба Исроил оғоз шуд. Масъулини беҳдошти Ғазза мегӯянд, ки сар аз 7-уми октябр то инҷониб дар натиҷаи таҷовузи Исроил ба Ғазза беш аз 36 ҳазор нафар кушта шудаанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...