“Бе ноноварони хона зиндагӣ душвор аст”. Аз қазияи пурсарусадои “ҷанҷол бо милисаҳо дар Истаравшан” як сол гузашт

Имрӯз, 29-уми май, аз қазияи баҳсбарангези “ҷанҷол бо милисаҳо” дар деҳаи Лакати шаҳри Истаравшан як сол сипарӣ шуд ва ҳоло пайвандони онҳое, ки бо иттиҳоми майдаавбошӣ ва зӯроварӣ ба муқобили намояндаи ҳокимият зиндонӣ шуданд, хоҳиш доранд, онҳоро авф кунанд. Сухан аз муноқишае меравад, ки 31-уми майи соли 2023 дар деҳаи Лакати шаҳри Истаравшан рух дод. […]

Имрӯз, 29-уми май, аз қазияи баҳсбарангези “ҷанҷол бо милисаҳо” дар деҳаи Лакати шаҳри Истаравшан як сол сипарӣ шуд ва ҳоло пайвандони онҳое, ки бо иттиҳоми майдаавбошӣ ва зӯроварӣ ба муқобили намояндаи ҳокимият зиндонӣ шуданд, хоҳиш доранд, онҳоро авф кунанд.

Сухан аз муноқишае меравад, ки 31-уми майи соли 2023 дар деҳаи Лакати шаҳри Истаравшан рух дод. Дар наворе, ки Раёсати ВКД дар вилояти Суғд санаи 2-юми июли соли 2023 нашр кардаву баъдан пок намуд, дида мешуд, ки як гуруҳ сокинон бо кормандони милитсия муноқиша доранд.

Он замон пайвандони А. Р (духтари ноболиғе, ки дар мошини кормандони милитсия қарор дошт) гуфтанд, ки кормандони милитсияи шаҳри Истаравшан ӯро ба мошини худ савор карда, ба саҳро бурдаанд ва нисбати ӯ рафтори ношоиста кардаанд. Пас аз фарёди духтар сокинони атроф ва дертар пайвандаони ӯ ба назди мошин ҷамъ шуда, аз кормандони милитсия шарҳи ҳодисаро талаб кардаанд ва қазия ба муноқиша печидааст.

Раёсати ВКД дар вилояти Суғд бо нашри наворе гуфта буд, ки сокинони деҳаи Лакати шаҳри Истаравшан кормандони милисаро ҳангоми “таҳқиқи як хабари оперативӣ” латукӯб кардаанд.

Раиси шаҳри Истаравшан ва додситони вилояти Суғд дертар гуфтанд, ки он духтари ноболиғ бо мақомот ҳамкорӣ мекард ва барои боздошти ҷавоне, ки аз хидмати ҳарбӣ сарпечӣ менамуд, кӯмак мерасонид.

Ва ҳамин тавр, дар пайи ин ҳодиса, охири моҳи майи соли 2023, нисбати 9 нафар бо се модда, аз ҷумла авбошӣ ва истифодаи зӯроварӣ ба муқобили намояндаи ҳокимият парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, ҳамчунин алайҳи 18 сокини дигари шаҳри Истаравшан бо иттиҳоми майдаавбошӣ парвандаи маъмурӣ тартиб дода шуд.

Пас аз се моҳи ҳодиса, 7-уми сентябри соли 2023, бо ҳукми додгоҳи шаҳри Истаравшан дар пайи қазияи мазкур 4 сокини ин деҳаро аз 2 солу 6 моҳ то 3 сол равонаи зиндон карда, ду нафари дигарро аз 6 моҳ то 1,5 сол шартан аз озодӣ маҳрум намуд.

Дигар иштирокчиёни муноқиша бошанд, бо пардохти ҷарима озод шуда буданд.

Маҳбасшудагон Ҷамолиддин Раҳматов, Деҳқон Абдусамадов, Бурҳон Турдиев, Талант Маҳмадқулов, Ғайрат Раҳматов ва  Исфандиёр Урунбоев ҳастанд.

Пас аз як соли сипаришуда аз ин қазия, хонаводаи муттаҳамшудагон хоҳиш доранд, ки онҳоро авф кунанд.

Ба гуфтаи пайвандон, баъди ҳабс шудани ноноварони оила дар баробари вазъи равонии волидон, фарзандон ва дигар пайвандони маҳбасиёни деҳаи Лакат вазъи иқтисодии онҳо низ хеле бад шудааст.

Ҷамолиддин Раҳматов, ки ба муддати 3 сол аз озодӣ маҳрум шуд, 5 фарзанди ноболиғ дорад. Инчунин, баъди марги додараш парастории фарзандони ӯро низ ба зимма гирифтааст.

Ғайр аз ин, яке аз фарзандони додараш (А.Р.-духтараки ноболиғе, ки кормандони милитсия гӯё ба амалиёт ҷалб карданду пас аз он ҳодиса сар зад), ҷабрдида аст.

“Аз Қонун дар бораи авф дар моҳи сентябр умед доштем, аммо ягон нафар аз иштирокчиёни муноқиша ба рӯйхати авфшавандагон ворид нашуданд”, – гуфт яке аз пайвандони Ҷамолиддин Раҳматов.

Наим Нарзиев, раиси деҳаи Лакати шаҳри Истаравшан рӯзи 28-уми май дар сӯҳбат ба “Азия-Плюс” гуфт, “бо гузашти як сол дар ҳаёти маҳбусиёни сокини ин деҳа тағйирот нашудааст”.

“Ҳамаи маҳкумшудаҳо дар маҳбасанд. Бо эҳтимоли зиёд ба наздикиҳо озодшавии Деҳқон Абдусамадов умедворкунанда аст, чунки ба тамомшавии ҳукмаш кам мондааст. Аз тақдири дигарон бехабарам”, – гуфт Нарзиев.

Ёдовар мешавем, ки як муноқишаи сокинон бо кормандони милитсия дар деҳаи Лакати шаҳри Истаравшан дар соли гузашта дар расонаҳо ба таври гуфтурда инъикос ёфт ва мавриди интиқодли корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ гардид.

Пас аз чанд муддати ҳодиса Руқия  Ниёзқулова, модари духтари ноболиғ ҳам гуфт, ки кормандони ҳукумат ва додситонии шаҳр ба ӯ барои суҳбат бо журналистон ва паҳн кардани навор аз ҷойи ҳодиса, фишор оварданд ва ҳодисаро мунсифона таҳқиқ накарданд.

Аммо мақомот ҳамеша ба мавқеи худ устувор истоданд ва ҳеҷ корманди милитсияи дар ин ҳодиса иштирокдоштаро муҷозот накараданд. Ва ҳам ба ин суол то ҳол посух нагуфтаанд, ки оё ҷалби духтари ноболиғ ба амалиёти боздошт тибқи кадом меъёри қонунгузорӣ сурат гирифтааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.