Парвандаи амали террористӣ дар “Крокус”: 1700 нафар ҷабрдида эътироф шуданд

Asia-Plus

Дар парвандаи амали террористӣ дар толори консертии “Крокус Сити Холл” дар вилояти Маскав зиёда аз 1700 нафар ҷабрдида эътироф шуданд. Ҳамаи онҳо бозпурсӣ шудаанд.

Тавре ки Медиазона хабар медиҳад, дар ин бора дар қарори додгоҳи ноҳияи Басманнии Маскав дар бораи тамдиди муҳлати ҳабси 4 нафар гумонбаршуда дар парванда сухан меравад.

Гуфта мешавад, зиёда аз 800 нафар аз рӯи ин парванда шоҳид дониста мешаванд. Ба 20 нафар айбнома пешниҳод шуда, 18 нафари онҳо дар боздоштгоҳи муваққатӣ (СИЗО) қарор доранд.

“Зиёда аз 1700 нафар ҷарбрдида эътироф гардида, бозпурсӣ шуданд, – омадааст дар қарор. – Беш аз 800 нафар ба сифати шоҳидон бозпурсӣ шуданд”.

Тавре ки нашрия менависад, аз 20 нафари айбдоршаванда 2 нафарро бо баёноти тарк накардани маҳалли зист рухсат додаанд. Шояд онҳо кормандони “Крокус” мебошанд, ки ба хидматрасонии ба талаботи бехатарӣ ҷавобгӯ набуда бар асари маҳкам будани дарҳо айбдор карда мешаванд.

Ғайр аз ин, тибқи маълумоти тафтишот, дар робита ба парвандаи амали террористӣ зиёда аз 20 кофтуков гузаронида шуда, ҳудуди 650 ташхиси додгоҳӣ аз қабли баллистикӣ, бехатарии сӯхтору техникӣ ва муҳандисиву сохтмонӣ таъин шудааст.

Миёни айбдоршавандагон ҳам иҷрокунандагони эҳтимолии амали террористӣ ва ҳамчунин соҳиби мошине, ки онҳо аз он истифода бурданд, ҳузур доранд. Дар Маскав 12 нафар, дар Доғистон – 5 ва дар Твер – 1 нафари гумонбарон ба содир намудани ин ҷиноят ба ҳабс гирифта шудаанд.

Пас аз як рӯзи амали террористӣ шаҳрдори Маскав Сергей Собянин хабар дод, ки ҳукумати шаҳру вилояти Маскав ба ҷабрдидагон аз 500 000 то 3 млн рубл пардохт мекунанд. Губернатори вилояти Маскав Андрей Воробев зикр кард, ки ба наздикони фавтидагон 3 млн рублӣ медиҳанд.

Рӯзи 29 май “РИА Новости” хабар дод, ки ширкатҳои суғурта ба ҷабрдидагон ва пайвандони фавтидагон дар амали террористӣ дар “Крокус” зиёда аз 21 млн рубл пардохт кардаанд. Хабаргузорӣ навишт, ки ин ҳоло маблағи ниҳоӣ нест.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...