Ҳамгироии собиқ террористону экстремистон бо ҷомеа. Дар Тоҷикистон мехоҳанд барномаи махсус қабул кунанд

Мақомоти Тоҷикистон ният доранд барои барқарорсозӣ ва ҳамгироии собиқ террористону экстремистон дар кишвар барномаи махсус қабул ва амалӣ намоянд. Қабули ин барнома зимни ҷаласаи ахири хукумати кишвар баррасӣ гардид. Дар он ҷаласа, ки рӯзи 31-уми май таҳти роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон баргузор шуд, “лоиҳаи Қарори ҳукумати Тоҷикистон “Дар бораи Барномаи барқарорсозӣ ва реинтегратсияи шахсони […]

Asia-Plus

Мақомоти Тоҷикистон ният доранд барои барқарорсозӣ ва ҳамгироии собиқ террористону экстремистон дар кишвар барномаи махсус қабул ва амалӣ намоянд. Қабули ин барнома зимни ҷаласаи ахири хукумати кишвар баррасӣ гардид.

Дар он ҷаласа, ки рӯзи 31-уми май таҳти роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон баргузор шуд, “лоиҳаи Қарори ҳукумати Тоҷикистон “Дар бораи Барномаи барқарорсозӣ ва реинтегратсияи шахсони дорои гузаштаи экстремистӣ ё террористӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2028” муҳокима гардида, қарори дахлдор қабул шуд”.

Шарҳ ё ҷузиъёти аз ин беш нашр намешавад ва маълум нест мушаххасан сухан дар бораи кадом гурӯҳи шаҳрвандон меравад. Ҳамчунин маълум нест, ки оё ба ин гурӯҳ зиндониҳои аз майдонҳои ҷанг баргадонидашуда ҳам дохил мешаванд ё на.

Вале аз он ки ин мавзӯъ дар гузашта ҳам мавриди сӯҳбат будааст, эҳтимол меравад дар навбати аввал манзур кӯдакон ва занони аъзои оилаҳои ҷангҷӯёни гурӯҳи “Давлати исломӣ” аст, ки ба Тоҷикистон баргардонида шудаанд.

Баъди соли 2018 мақомот беш аз 300 занону кӯдаконро аз Сурияву Ироқ ба Тоҷикистон баргардониданд ва гуфтанд, ин гурӯҳи шаҳрвандон бояд бо барномаҳои барқароршавии иҷтимоиву равонӣ ва ҳам ҳамоиш ба ҷомеа фаро гирифта шаванд.

Ин баргаштаҳо дар маҷмӯъ аз чор то даҳ соли гузашта дар берун аз Тоҷикистон дар қаламравҳои зери назари ҷангҷӯёни ДОИШ, мухолифони онҳо ва ё урдугоҳҳои паноҳандагону зиндонҳо ба сар бурдаанд.

Инҳо ба гурӯҳи афроде шомил мешаванд, ки дар қаламравҳои кишварҳои бегонае қарор доштанд, ки он ҷо амалиёти ҷангӣ ҷараён дошт ва бар асоси қонунҳои Тоҷикистон метавонанд ба ҷавобгарии ҷиноӣ ҷалб шаванд.

Зарурати қабули барномаи ҳамоиши ин гурӯҳ ба ҷомеаи Тоҷикистонро дар гузашта намояндагони ташкилоти башардӯстонаи мисли СММ ҳам таъкид кардаанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио