Волидони духтарони яке аз мактабҳои Душанбе барои муноқиша ҷарима мешаванд

Волидони духтарони мактаби миёнаи №51-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе барои муноқиша байни фарзандонашон ҷарима мешаванд. Дар робита ба ин ҳодиса протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, ҷиҳати баррасӣ ба додгоҳ ирсол шудааст. Дар ин бора Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад. Ба иттилои манбаъ,ин ҳодиса рӯзи 31-уми май, тақрибан соати 9:35 дақиқа ҳангоми танаффус рух […]

Asia-Plus

Волидони духтарони мактаби миёнаи №51-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе барои муноқиша байни фарзандонашон ҷарима мешаванд. Дар робита ба ин ҳодиса протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, ҷиҳати баррасӣ ба додгоҳ ирсол шудааст. Дар ин бора Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ,ин ҳодиса рӯзи 31-уми май, тақрибан соати 9:35 дақиқа ҳангоми танаффус рух додааст.

“Хонандагон-духтарони синфи 8 дар саҳни бинои мактаб аз шухӣ ба муноқиша гузашта, бо якдигар даст ба гиребон шудаанд, – омадааст дар хабари Раёсат. -Санҷиши ҳодисаи мазкур собит сохт, ки дар вайрон намудани тартибот ва сар задани муноқиша байни хонандагон, ҳар ду ҷониб мусоидат намудаанд”.

Гуфта мешавад, вобаста ба ҳолати мазкур нисбати 5 нафар волидайни ноболиғон мутобиқи моддаи 90 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, барои чораҷӯӣ ба Суд ирсол карда шуданд.

Зимнан зикр мегардад, ки ҳамзамон, ҷиҳати нокифоя ба роҳ мондани назорати хонандагон, ки боиси муноқиша дар дохили муассисаи таълимӣ гардидааст, бо роҳбарият ва нафарони масъули муассисаи таълимии мазкур корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.