Теъдоди муҳоҷироне, ки имтиҳони забони русиро супорида натавонистанд, 10 баробар афзуд

Теъдоди хориҷиёне, ки аз уҳдаи супоридани имтиҳон аз забони русӣ, таърих ва асосҳои қонунгузории Русия барои дарёфти иҷозатномаи кор ё иқомат дар ин кишвар баромада натавонистанд, дар давраи аз моҳи январ то моҳи май қариб 10 баробар зиёд шуд. Дар ин бора ба ТАСС аз дафтари матбуоти Вазорати маориф ва илми ин кишвар хабар додаанд. […]

Asia-Plus

Теъдоди хориҷиёне, ки аз уҳдаи супоридани имтиҳон аз забони русӣ, таърих ва асосҳои қонунгузории Русия барои дарёфти иҷозатномаи кор ё иқомат дар ин кишвар баромада натавонистанд, дар давраи аз моҳи январ то моҳи май қариб 10 баробар зиёд шуд. Дар ин бора ба ТАСС аз дафтари матбуоти Вазорати маориф ва илми ин кишвар хабар додаанд.

Дар Вазорат зикр кардаанд, ки чунин ҳолат бинобар сабаби таваҷҷуҳи бештар ба расмиёти супоридани имтиҳонҳо рӯйи кор омадааст.

“Ҳоло ҳам дар тамоми қаламрави Русия барои супурдани имтиҳон имкон ҳаст. Дар ҳамин ҳол, сатҳи риояи расмиёти қабули имтиҳон боло рафта, фоизи афроде, ки имтиҳонро супорида натавонистанд, аз моҳи январ то моҳи май, қариб 10 баробар афзуд”, – омадааст дар хабар.

Бино ба маълумоти Вазорат, айни замон дар Русия муҳоҷирон дар 129 ҷой имтиҳон супурда метавонанд, ки 41-то он дар назди ВКД Русия, 87-тоаш – дар назди мактабҳои олии федералӣ ва минтақавӣ ва боз 1-то дигар – дар назди таҳкилоти минтақавии давлатӣ амал мекунанд.

Дар Вазорати маориф ва илм хотиррасон кардаанд, ки аз 1 май ба ташкилотҳои тиҷоратӣ баргузор намудани имтиҳонҳо барои хориҷиён ва додани гувоҳнома (сертификат) ба онҳо манъ шудааст.

Қаблан Рособрнадзор (Мақомоти назорат дар соҳаи маориф) ба чанде аз муассисаҳои таҳсилоти олӣ дар робита ба баргузории имтиҳонҳо аз забони русӣ ҳушдор дода буд. Ба онҳо ҷиҳати роҳ надодани қонуншиканӣ дар самти риоя нашудани талаботи асосӣ ба имтиҳонҳо хотиррасон шуд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.