ФАСР омода аст, ки ба татбиқи лоиҳаҳо дар Тоҷикистон 500 млн доллар ҷудо кунад

Asia-Plus

Директори иҷроияи Фонди аврусоиёии субот ва рушд (ФАСР) Андрей Широков изҳор намуд, ки айни замон лоиҳаҳо ба маблағи умумии змиёда аз 500 млн доллар дар баррасии Фонд қарор доранд ва ин ниҳод омода аст, ки ин маблағҳоро ҷудо кунад.

Андрей Широков имрӯз, 10 июн дар ҷаласаи Шӯрои миллии рушд таҳти раёсати президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон иштирок кард.

Широков илова намуд, ки ин лоиҳаҳо дар соҳаҳои энергетикаву нақлиёт ва тандурустӣ буда, аммо мушаххасан аз онҳо ном набурд.

Дар кори ҷаласа аъзои ҳукумати Тоҷикистон, роҳбарон ва намояндагони ниҳодҳои баййнулмилалии молиявӣ, аз ҷумла Бонки ҷаҳонӣ, Бонки осиёии рушд, Бонки исломии рушд ҳузур доштанд.

“Тоҷикистон кишвари муассиси ФАСР мебошад. Фонд мутобиқи Стратегияи миёнамуҳлат, аз афзалиятҳои миллии рушд дастгирӣ мекунад. Сандуқи лоиҳаҳои ФАСР, ки дар ҷумҳурӣ амалӣ шудаанд ё мавриди амал қарор доранд, 500 млн долларро ташкил медиҳад, аз ҷумла корҳои таъмиру навсозӣ дар НБО “Норак”, таъмиру навсозии низомҳои обёрӣ, барномаи пешгирии бемории аҳолӣ дар мавзеъҳои дурдасти “Корвони солимӣ”, дастгирии буҷет дар давраи пандемияи COVID-19, хароҷоти иҷтимоӣ ва ислоҳоти иҷтимоиву иқтисодӣ”, – зикр кард Широков.

Иштирокчиёни ҷаласа ҷараёни татбиқи Стратегияи рушди Тоҷикистонро то соли 2030 баррасӣ карданд. Стратегия самтҳои асосии рушди давлатро муайян карда, ба таҳкими асосҳои рушди боэътимод ва устувор, дарёфти имконоти нав барои рушди иқтисод мутобиқи таҳдиду чолишҳои нав нигаронида шудааст.

Фаъолияти ФАСР ба татбиқи Стратегияҳо оид ба бисёр афзалиятҳо ва самтҳо бо шумули мусоидат ба дастгирии устувории макроиқтисодӣ, тақвияти имконоти ниҳодӣ, таҳкими зерсохтори заминавӣ дар соҳаҳои энергетикаву нақлиёт, бахши об, беҳбуди сифат ва дастрасӣ дар соҳаҳои маориф ва тандурустӣ равон шудааст.

Фонди авруосиёии субот ва рушд (ФАСР) механизми минтақавии молиявӣ бо ҳаҷми зиёда аз 9 млрд доллар мебошад, ки соли 2009 аз ҷониби давлатҳои Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон таъсис дода шудааст.

Мусоидат ба устувории иқтисодӣ ва молиявӣ дар кишварҳои узви Фонд, инчунин даастгири онҳо дар самти таъмини рушди устувор аз ҳадафҳои ФАСР унвон мешаванд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...