Эмомалӣ Раҳмон: “Тайи 8 соли ахир иқтисод 7,4% рушд ёфта, сатҳи камбизоатӣ 10% поин рафт”

Дар ҷаласаи Шӯрои миллии рушд президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки сарфи назар аз шиддати вазъи ҷаҳони имрӯза ва таъсири бевоситаи омилҳои манфии берунӣ ба иқтисоди миллӣ, дар 8 соли охир суръати рушди иқтисоди миллӣ ба ҳисоби миёна 7,4%-ро ташкил дод. Ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, зикр шуд, ки созмонҳои байналмилалии молиявӣ Тоҷикистонро […]

Asia-Plus

Дар ҷаласаи Шӯрои миллии рушд президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки сарфи назар аз шиддати вазъи ҷаҳони имрӯза ва таъсири бевоситаи омилҳои манфии берунӣ ба иқтисоди миллӣ, дар 8 соли охир суръати рушди иқтисоди миллӣ ба ҳисоби миёна 7,4%-ро ташкил дод.

Ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, зикр шуд, ки созмонҳои байналмилалии молиявӣ Тоҷикистонро аз рӯи суръати миёнасолонаи рушди иқтисодӣ ҳамчун кишвари дорои иқтисоди тезрушдёбанда арзёбӣ намуданд.

Ба гуфтаи сарвари давлат, ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) дар ин давра 2,6 баробар ва ба ҳар нафар аҳолӣ 2,3 баробар зиёд шуданд.

“Даромадҳои пулии аҳолӣ 4,4 баробар,  музди миёнаи меҳнат беш аз 2 баробар, андозаи нафақаи ниҳоӣ 1,9 баробар ва шумораи соҳибкорон 1,6 баробар афзоиш ёфта, ба беҳтар гардидани сатҳи зиндагии мардум мусоидат намуд”, – гуфт Эмомалӣ Раҳмон.

Президент зикр кард, ки дар натиҷаи андешидани тадбирҳои саривақтии ҳукумат сатҳи камбизоатӣ аз 31,3%- соли 2015 то 21,2% дар соли 2023 коҳиш ёфта, Тоҷикистон тибқи арзёбии Бонки ҷаҳонӣ аз рӯи суръати коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ ба қатори 10 кишвари пешсафи ҷаҳонӣ ворид гардид.

“Тоҷикистон дар татбиқи Ҳадафҳои рушди устувор низ ба дастовардҳои назаррас ноил гардида, тибқи арзёбиҳо дар маҷмуъ 70%-и ин ҳадафҳо ва баъзе нишондиҳандаҳои онҳоро беш аз 90% иҷро намудааст”, – таъкид дошт ӯ.

Эмомалӣ Раҳмон аз шарикони рушд даъват намуд, ки дар шароити хеле ҳассосу зудтағйирёбандаи иқтисоди глобалӣ барои татбиқи Рӯзномаи ҷаҳонӣ оид ба рушди устувор саҳми худро баҳри амалӣ гардонидани  афзалиятҳои минбаъдаи рушди Тоҷикистон бештар намоянд.

Дар фарҷоми ҷаласа сарвари давлат ба вазорату идораҳо ва масъулини мақомоти давлатӣ вобаста ба таҳияи лоиҳаи санадҳои дахлдор ҷиҳати таҷдиди назари Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030 бо назардошти Ҳадафҳои рушди устувор ва Низомномаи Шурои миллии рушд дастуру супоришҳо дод.

Президент ҳамчунин ба зарурати таҳияи омода намудани шарҳи фосилавии татбиқи Барномаи миёнамуҳлати рушди ҶТ барои солҳои 2021-2025, гузоштани замина ба таҳияи Барномаи миёнамуҳлати рушди ҶТ барои солҳои  2026-2030 ишора намуд.

Ба шарикони рушд ҷиҳати густариши ҳамкорӣ барои татбиқи ҳадафу афзалиятҳои стратегии кишвар тавсияҳои дахлдор дода шуд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.