Аҳмад Саидмуродзода: “Тоҷикистон ҳеҷ гоҳ ба барқарор шудани кори гурӯҳи “СҲШ-Афғонистон” зид набуд”

Asia-Plus

“Аз ҷониби Кабулов носаҳеҳ изҳор шудани мавқеи Тоҷикистонро дар масъалаи фаъолияти Гурӯҳи робитаи “СҲШ-Афғонистон” зикр мекунем, – гуфта мешавад дар посухи Ҳамоҳангсози миллии Тоҷикистон дар умури Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) Аҳмад Саидмуродзода ба саволи “Азия-Плюс” доир ба норозигии Тоҷикистон дар мавриди барқарор шудани кори ин гурӯҳ.

“Дар доираи СҲШ Тоҷикистон мудом зарурати баррасии мушкилоти Афғонистонро таъкид мекунад. Дар робита ба Гурӯҳи робита бошад, Тоҷикистон ҳеҷ гоҳ зидди барқарор шудани ин механизм изҳори назар накардааст. Баръакс, аз ҷониби мо ба чунин далел таваҷҷуҳ зҳоир мешавад, ки мақоми нозир дар назди СҲШ ба Афғонистон соли 2012 дода шуда, протоколҳо дар бораи таъсиси Гурӯҳи робита солҳои 2005 ва 2018 аз ҷониби мақомоти ин кишвар ба имзо расиданд”, – гуфта мешавад дар посух.

Дар ин замина, тибқи маълумоти Саидмуродзода, ҷониби Тоҷикистон, аз ҷумла дар ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии СҲШ дар Остона, пешниҳод кард, ки дар ин марҳила коршиносон баррасии масъалаи Афғонистонро дар доираи давлатҳои узви ин созмон оғоз кунанд.

«Ҳамчунин, таъкид мекунем, ки ҷаласаҳои мақомот ва механизмҳои ҳамкории СҲШ хусусияти махфӣ доранд, вале ин ба ҷаноби Кабулов монеъ нашуд, ки бо нақзи қоидаҳои тартиботии СҲШ мазмуни онҳоро ба фазои иттилоотии ошкоро барорад. Аз ин рӯ, дар Душанбе ба чунин изҳороти дипломати рус эътибор намедиҳанд», – илова мешавад дар посух.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 11 июн зимни мусоҳиба ба хабаргузории РИА Новости директори департаменти дуюми Осиёи Вазорати корҳои хориҷии Русия Замир Кабулов изҳор дошт, ки ба ҷуз Тоҷикистон, аксарияти иштирокчиёни ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои узви СҲШ аз барқарор шудани кори гурӯҳи СҲШ-Афғонистон ҷонибдорӣ карданд.

“Русия ва аксарияти иштирокдорони ин чорабинӣ тарафдори аз нав оғоз кардани кори ин гурӯҳи тамос буданд. Шубҳаҳои муайян дар ин бора аз ҷониби шарикони мо аз Тоҷикистон боқӣ мемонанд, аммо мо умедворем, ки дар ояндаи наздик онҳо низ мавқеи худро сабуктар хоҳанд кард», – гуфт Кабулов.

Як сол пеш раҳбарияти “Толибон” изҳор дошт, ки намояндагони онҳо барои иштирок дар нишастҳои СҲШ ҳаққи қонунӣ доранд.

«Аморати исломии Афғонистон (номи давлатро, ки аз ҷониби толибон истифода мешавад) баргузор намудани чунин вохӯриҳоро барои беҳтар намудани ҳамоҳангсозӣ бо мақсади таъмини амнияти минтақа ва рушди ҳамкорӣ истиқбол мекунад ва иштироки Афғонистон (ки нозир дар созмон мебошад) дар чунин вохӯриҳоро ҳаққи қонунии худ меҳисобад», – зикр гардида буд он замон дар изҳороти толибон.

Ба ақидаи “Толибон”, ҳузур надоштани намояндагони мақомоти Афғонистон дар ҷаласаҳои СҲШ «барои ҳамоҳангсозии ҳамаҷонибаи амалҳо дар муқобили хатарҳои соҳаи амният, мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, расонидани кӯмаки башардӯстона ба аҳолии Афғонистон ва татбиқи лоиҳаҳои зерсохторӣ» монеъа эҷод мекунад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...