Аз 8 тоҷикистонии дар ИМА боздоштшуда 6 нафараш шаҳрвандии Русияро ҳам доштаанд

Аз 8 тоҷикистонии дар ИМА ба гумони робита доштан бо “Давлати исломӣ” ё худ ДОИШ боздоштшуда 6 нафараш шаҳрвандии Русияро ҳам доштаанд. Дар ин бора New York Post хабар медиҳад. Ба иттилои нашрия, ҳамаи онҳо дар ҷараёни амалиёти ҳамоҳангшуда дар Лос-Анҷелес, Ню-Йорк ва Филаделфия пас аз огоҳии директори Бюрои федералии тафтишот (ФБР) Кристофер Рэй дар […]

Аз 8 тоҷикистонии дар ИМА ба гумони робита доштан бо “Давлати исломӣ” ё худ ДОИШ боздоштшуда 6 нафараш шаҳрвандии Русияро ҳам доштаанд. Дар ин бора New York Post хабар медиҳад.

Ба иттилои нашрия, ҳамаи онҳо дар ҷараёни амалиёти ҳамоҳангшуда дар Лос-Анҷелес, Ню-Йорк ва Филаделфия пас аз огоҳии директори Бюрои федералии тафтишот (ФБР) Кристофер Рэй дар бораи суиқасдҳои эҳтимолии ДОИШ дар қаламрави ИМА ва қобилияти гурӯҳ ҷиҳати истифодаи марзи ҷанубӣ ба ҳабс гирифта шуданд.

Ба гуфтаи манбаъҳо, бо сабаби робитаи имконпазирашон бо ДОИШ онҳо зери назорати гурӯҳи муттаҳидаи фаврии ФБР қарор гирифтаанд. Бюро муддати чанд моҳ онҳоро пайгирӣ доштааст.

Дар ҷараёни тафтишот гуфтугӯи телефонии онҳо шунида шуда, дар яке аз гуфтугӯҳо яке аз ҳабсшудагон дар бораи бомба ҳарф задааст.

Тибқи маълумоти ФБР, боздоштшудагон дар ҳабс дар интизори анҷоми расмиёти ихроҷшавӣ қарор дошта, ба ҳеҷ яке аз 8 нафар айни замон айбнома оид ба даст доштан дар терроризм пешниҳод нашудааст.

Тавре ки Fox News хабар медиҳад, ҳамаи боздоштшудагон сарҳади ҷанубӣ (аз Мексика)-ро гузашта, санҷиши аввал аз ҷониби мақомоти федералӣ ягон маълумоти манифии марбут ба онҳоро ошкор накардааст.

Бино ба маълумоти манбаъҳои NBC, ҳадди ақалл ду нафари онҳо баҳори соли 2023 марзи ИМА-ро гузашта, як тан аз онҳо замимаи CBP One барои вуруд истифода кардааст.

Мувофиқи маълумоти мақомоти федералӣ, теъдоди муҳоҷирони дар марзи ҷанубӣ ба гумони робита бо террористон боздоштшуда тайи солҳои ахир афзуда, аз 11 нафар дар давоми солҳои 2017-2020 то ба 362 нафар дар давраи аз соли 2021 то моҳи апрели соли 2024 зиёд шудааст.

Бо сабаби дар сатҳи бесобиқа идома доштани раванди муҳоҷират, марзбонон ба The Post хабар доданд, ки дигар одамон аз назари онҳо дур мондаанд, зеро барои бозрасии ҳамаҷонибаи онҳо вақти кофӣ надоштанд.

Дар охири ҳафтаи гузашта марзбонон тақрибан 10 000 гузариши ғайриқонунии марзи ҷанубиро сабт карда, тибқи маълумоти агентӣ, The Post бо онҳо шинос шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.