Русия ба Тоҷикистон 275 ҳазор китоби дарсӣ мефиристад

Милана Ена, Asia-Plus

Вазорати маорифи Русия дар ҳамкорӣ бо нашриёти “Просвещение” эълон кард, ки ба Тоҷикистон 275 ҳазор китоби дарсӣ бо забони русӣ мефиристад. Дар ин бора ТАСС хабар медиҳад.

Дар доираи Форуми II байнулмилалии вазирони маориф роҳбари нашриёт Наталя Третяк зикр кардааст, ки шарикони хориҷӣ ба китобҳои дарсии русӣ, бахусус дастурҳои таълимӣ аз фанни математика, илмҳои табиӣ ва забони русӣ таваҷҷуҳи зиёд доранд.

Ӯ ҳамчунин таъкид доштааст, ки китобҳои дарсӣ бо дарназардошти хусусиятҳои иҷтимоӣ-фарҳангӣ ва ҷуғрофии Тоҷикистон мутобиқ карда шудаанд.

“Мо на танҳо китобҳои дарсии худро ба забонҳои миллӣ тарҷума мекунем, балки онҳоро бо дарназардошти хусусиятҳои иҷтимоӣ-фарҳангӣ, ҷуғрофӣ ва дигар хусусиятҳои кишвар мутобиқ месозем. Масалан, яке аз лоиҳаҳои охирине, ки мо дар ҳамкорӣ бо вазорати маориф амалӣ мекунем, таҳияи китобҳои дарсии мутобиқшудаи забони русӣ барои Тоҷикистон мебошад, ки ҳам барои мактабҳои русзабон ва ҳам барои мактабҳои таълимашон бо забони тоҷикӣ пешбинӣ шудаанд. Ва мо омода ҳастем, ки чунин лоиҳаҳоро барои ҳар кишваре, ки дар ин хусус дархост дорад, амалӣ намоем”, – гуфтааст Наталя Третяк.

Қаблан хабар дода будем, ки аз 1 сентябри соли 2024 ҳамаи синфҳои русии мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии кишвар бо китобҳои дарсӣ таъмин карда мешаванд.

Нашри китобҳои дарсиро ҷониби Русия ба уҳда гирифта, барои ин 200 млн рубл ҷудо кард. Дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ Раҳим Саидзода хабар дод. Ба гуфтаи вазир, соли 2023 дар маҷмӯъ зиёда аз 6 млн китобҳои дарсӣ нашр шудааст.

Ӯ ҳамчунин зикр кард, ки барои пардохти маблағи иҷораи китобҳои дарсӣ низоми биллингӣ ҷорӣ хоҳад шуд. Волидон пули иҷораи китобҳои дарсиро метавонанд тариқи телефон пардохт кунанд, ба онҳо паёмак (смс) бо маълумот дар бораи китоб ва маблағи пули иҷора фиристода мешавад.

Ёдрас мекунем, ки соли 2022 дар Тоҷикистон бо дастгирии Русия панҷ мактаби таълимашон бо забони русӣ боз шуд.

Айни замон омӯзгорон аз Русия низ дар Тоҷикистон машғули коранд. Соли ҷорӣ тибқи барномаи “Омӯзгори Русия дар хориҷа” (Российский учитель за рубежом), ки аз ҷониби Вазорати маорифи Русия роҳандозӣ шудааст, 66 омӯзгор аз Русия ба Тоҷикистон ба кор омаданд.

Барномаи мазкур дар кишвар аз соли 2017 бо дастгирии намояндагии Россотрудничество мавриди амалишавӣ қарор дорад. Омӯзгорон дар 22 мактаби таҳсилоти умумии воқеъ дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Кӯлоб, Бохтар, Хоруғ кор мекунанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...