Дар Петербург зани тоҷик худро аз паси писари аз тиреза афтодааш ба замин партофт

Зани шаҳрванди 25-солаи Тоҷикистон ҳамроҳи писараш дар меҳмонӣ назди модараш қарор дошт. Вақте ӯ мебинад, ки писарчаи сесолааш ҳангоми ба тӯри тиреза такя кардан ба берун меафтад, дарҳол аз паси ӯ худашро низ ба замин мепартояд. Дар ин бора АН «Оперативное прикрытие» хабар медиҳад. Гуфта мешавад, ин ҳодиса дар яке аз хонаҳои кӯчаи Миллионная рух […]

Зани шаҳрванди 25-солаи Тоҷикистон ҳамроҳи писараш дар меҳмонӣ назди модараш қарор дошт. Вақте ӯ мебинад, ки писарчаи сесолааш ҳангоми ба тӯри тиреза такя кардан ба берун меафтад, дарҳол аз паси ӯ худашро низ ба замин мепартояд. Дар ин бора АН «Оперативное прикрытие» хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, ин ҳодиса дар яке аз хонаҳои кӯчаи Миллионная рух додааст. Бар асари ба замин афтодан модару писар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар шуъбаи эҳёгарии беморхона бистарӣ шудаанд.

Бино ба маълумоти рӯзноманигорон, зани шаҳрванди Тоҷикистон дар қайди муҳоҷират қарор дошта, дар ширкати баровардани партовҳо кор мекунад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.