Ба Душанбе боз 2000 кирокаши барқии нав ворид мегардад

Asia-Plus

Дар Душанбе 18-уми июн рӯнамоии ширкати нави кирокашӣ – “Эко-такси”, ки танҳо бо нақлиёти барқӣ хидматрасонӣ мекунад, баргузор гардид. Дар он намояндагони шаҳрдорӣ, ронандагон ва сокинон иштирок намуданд.

Ба иттилои роҳбарияти ширкат, айни ҳол, барои хидматрасонӣ ба сокинон 400 нақлиёти барқӣ ворид шудааст ва онҳо аз пагоҳ, 19-уми июн, ба кор оғоз мекунанд.

“Дар умум, мувофиқи нақша, бояд 2000 нақлиёти барқӣ харидорӣ шаванд ва дар ин бора “Эко-такси” бо ширкати чинии GAC Motor International Limited шартнома ба имзо расонидааст”, – гуфт Замира Ғаюрова, роҳбари ширкат.

Ба қавли ӯ, дар оянда ният доранд фаъолияти худро васеъ намуда, хидматрасонӣ тавассути нақлиёти барқиро дар дигар шаҳру ноҳияҳои кишвар низ ба роҳ монанд.

Бояд гуфт, ки ин аввалин ширкати мусофиркашонӣ дар кишвар аст, ки пурра тавассути нақлиёти барқӣ хидмат мерасонад.

Инчунин, Раёсати Бозрасии давлатии автомобилӣ махсус барои нақлиёти барқӣ рақамҳои сабз роҳандозӣ кардааст ва минбаъд тамоми нақлиёти барқӣ, аз ҷумла кирокашҳои ширкати мазкур бо чунин рақам фаъолият хоҳанд кард.

Қаблан, қарори шаҳрдории Душанбе дар хусуси то 1-уми сентябри соли 2025 пурра бо нақлиёти барқӣ хидматрасонӣ намудани ширкатҳои кирокашӣ содир шуда буд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...