Конибодом: Куштори марди 76-сола ва як ҳолати дуздӣ ошкор шудааст

Фарзона Муродӣ, Asia-Plus

Дар пасманзари хабарҳои куштору гаштугузори одамони шубҳанок дар шаҳри Конибодом, ки ахиран дар расонаҳо интишор шудаву ҷомеаро ба таҳлука андохт, вале аз сӯйи мақомот шарҳ дода нашуд, Раёсати ВКД дар вилояти Суғд бо нашри гузорише аз ошкор гардидани ду ҷиноят – одамкушӣ ва дуздӣ дар ин шаҳр хабар дод.

Дар гузориши ин ниҳод, ки 15-уми июн дар шабакаи Ютуб нашр гардид, зикр мешавад, ки кормандони милитсияи шаҳри Конибодом 2-юми июни соли 2024 дар кӯчаи Бобокалонов як ҷинояти одамкуширо ошкор карданд.

Дар ин гузориш зикр мешавад, ки гумонбар Фаридун Абророви 41-сола, сокини шаҳри Конибодом буда, падараш Қосим Абророви 76-соларо ба қатл расонидааст.

Дар навор гумонбар дар даст завлона ба ҷинояти кардааш иқрор шуда, мегӯяд, ки “маст будам ва намедонам як ё ду корд задам. Падарам гуфт хуни дастонатро шуста биё. Ман то омадани мошини Ёрии таъҷилӣ бо падарам гап зада нишастам то хобаш набарад”.

Таъкид мешавад, ки Фаридун Аброров дар пайи муноқишаи оилавӣ падарашро бо зарби корд ба ҳалокат расонидааст.

Айни ҳол нисбати Фаридун Аброров тибқи моддаи 104 КҶҶТ парванда оғоз шуда, номбурда дар ҳасби пешакӣ қарор дорад.

Ҳамчунин, дар ин гузориш, аз ошкор шудани як ҳолати дуздӣ низ хабар дода мешавад.

Гуфта мешавад, ки марди гумонбар ба ҷинояти дуздӣ Рустам Умарови 45-сола, сокини шаҳри  Конибодом  буда,  қаблан барои содир кардани ҷинояти дуздӣ ду маротиба суд шудааст.

Иттилоъ дода мешавад, ки Умаров санаҳои 5-6-уми июни соли 2024 кӯшиши дуздӣ аз манзили истиқоматии бинои баландошёнаи кӯчаи “8 март”-ро карда, дар натиҷаи зиракии соҳибхона наметавонад тираш хок хӯрдааст. Баъдан ба   чойхонаи Баҳодур ворид шуда, аз хазина 400 сомонӣ пули нақд ва чанд номгӯ маҳсулоти хӯрокаро дуздидааст.

Нисбати Рустам Умаров тибқи моддаи 244 КҶҶТ парванда оғоз гардида, номбурда дар ҳабси пешакӣ қарор дорад.

Ёдовар мешавем, ки аз моҳи март то имрӯз танҳо бо ҳисоби мақомот 5 куштори оилавӣ дар шаҳри Конибодом рух дод, ки дар натиҷа 15 нафар кушта шуданд. Кушторҳои падарпайи оилавӣ дар шаҳр ва ошкор нашудани ин ҷиноятҳои махсусан вазнин мардумро ҳаросзада кардааст.

Ҳамчунин, ҳафтае қабл дар шабакаҳои иҷтимоӣ  наворҳое (аз камераҳои назоратӣ бардошта шудааст)  мечархад, ки дар он дида мешавад, шахсони ниқобпӯш кӯшиши ба хонаҳои мардум воридшавӣ мекунанд. Ин ҳолат боис гардидааст, ки мардуми баъзе аз кӯчаҳои шаҳри Конибодом ситод ташкил карда, то саҳар дар кӯчаҳо навбатдорӣ намоянд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...