Чаро содироти молу маҳсулот аз Қазоқистон ба кишварҳои Осиёи Марказӣ кам шуд?

Дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ содироти молу маҳсулот аз Қазоқистон ба давлатҳои ҳамсояи минтақаи Осиёи Марказӣ кам шуд. Дар ин бора Zakon.kz хабар медиҳад. Гуфта мешавад, дар зарфи се моҳи соли соли 2024 ҳаҷми гардиши моли хориҷии Қазоқистон ба 31,2 млрд доллар расид. Ин нишондиҳанда 5,6% камтар дар муқоиса бо нишондиҳандаи ҳамин давраи соли 2023 […]

Дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ содироти молу маҳсулот аз Қазоқистон ба давлатҳои ҳамсояи минтақаи Осиёи Марказӣ кам шуд. Дар ин бора Zakon.kz хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, дар зарфи се моҳи соли соли 2024 ҳаҷми гардиши моли хориҷии Қазоқистон ба 31,2 млрд доллар расид. Ин нишондиҳанда 5,6% камтар дар муқоиса бо нишондиҳандаи ҳамин давраи соли 2023 мебошад.

Дар ҳамин ҳол, гардиши молу маҳсулот бо кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ (Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон) 5,1% аз ҳаҷми умумиро ташкил дода, ба 1,6 млрд доллар расидааст. Дар ин бора дар сомонаи Пажуҳишгоҳи таҳқиқоти иқтисодӣ хабар дода мешавад.

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Қазоқистон бо кишварҳои Осиёи Маркази тариқи зайл тақсим шудааст:

Ӯзбекистон – 895,5 млн доллар (55,8%);

Қирғизистон – 337,7 млн доллар (21,1%);

Тоҷикистон – 264,8 млн доллар (16,5%);

Туркманистон – 105,3 млн доллар (6,6%).

Дар ҳамин давраи солҳои гузаштаи панҷ соли ахир афзоиши нишондиҳандаҳои гардиши моли хориҷии Қазоқистон бо ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ ба мушоҳида мерасид.

Дар таҳқиқот зикр мешавад, ки аммо дар семоҳаи аввали соли 2024 нишондиҳандаҳои савдои дуҷонибаи молу маҳсулот бо Ӯзбекистон 16,2%, Қирғизистон – 7,5%, Тоҷикистон – 13,7% ва бо Туркманистон – 5,2%  коҳиш ёфтааст.

Дар портали kapital.kz хабар дода мешавад, ки дар семоҳаи аввали соли 2024 ҳаҷми содироти молу маҳсулот аз Қазоқистон ба кишварҳои Осиёи Марказӣ 1,2 млрд долларро ташкил додааст, ки 10,9% камтар аз нишондиҳандаи ҳамин давраи соли 2023 аст.

Ин ба коҳиши ҳаҷми содироти гандум ба андозаи 38,3%, дастгоҳҳои телефон – 20,3%, инчунин тилло дар ҳаҷми 41,9% марбут будааст.

Дар сохтори содирот ҳиссаи гандум – 16,8% (204,3 млн доллар), дастгоҳҳои телефон – 4,7% (57,7 млн доллар), оби минералӣ ва газнок – 3,9% (48,2 млн доллар),  сихҳои оҳанин ва фӯлодӣ – 3,7% (45,4 млн доллар) ва ғайра зиёдтар мебошад.

Ҳаҷми воридот бо кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ин давра 385,3 млн долларро ташкил додааст, ки 20,5% камтар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта аст.

Дар сохтори воридот бордонҳо барои мошинҳои сабукрав – 12,1% (46,5 млн доллар), маъдан ва консентратҳои металлҳои қиматбаҳо – 7,4% (28,7 млн доллар), муҳаррик барои автомашинаҳо – 6,4% (24,5 млн доллар) ва ғайра афзалият доранд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.