Роҳбари Толибон шарти аз мансаб канор рафтанашро гуфтааст

Мулло Ҳайбатуллоҳ Охундзода, роҳбари Толибон* гуфтааст, омода аст аз мақоми феълии худ канор равад, ба шарте, ки дар кишвар ихтилофот набошад. Тибқи иттилоъи “ParsToday”, Ҳайбатуллоҳ ин нуктаро зимни суханронӣ дар намози Иди Қурбон дар Қандаҳор баён кардааст. “Бемории тоунро бипазиред, аммо ихтилофотро на. Зеро ихтилоф бадтарин мараз аст. Агар дастае аз мардум маро барканор кунанд, […]

Asia-Plus

Мулло Ҳайбатуллоҳ Охундзода, роҳбари Толибон* гуфтааст, омода аст аз мақоми феълии худ канор равад, ба шарте, ки дар кишвар ихтилофот набошад.

Тибқи иттилоъи “ParsToday”, Ҳайбатуллоҳ ин нуктаро зимни суханронӣ дар намози Иди Қурбон дар Қандаҳор баён кардааст.

“Бемории тоунро бипазиред, аммо ихтилофотро на. Зеро ихтилоф бадтарин мараз аст. Агар дастае аз мардум маро барканор кунанд, ман хушҳол мешавам, аммо ба ихтилоф дар миёни онҳо хушҳол намешавам”, – таъкид намудааст Охунзода.

Манзури ӯ аз ихтилоф чӣ будааст, дақиқан маълум нест. Аммо вақтҳои охир расонаҳои ғарбӣ ҳарчӣ бештар дар мавриди ихтилоф миёни Толибон иттилоъ медиҳанд.

Чанде қабл Шӯрои таҳқиқоти байналмиллал дар умури мазҳабӣ (IRCRA) дар пажӯҳиши худ эълом карда буд, ки миёни Толибон ихтилофоти идеологиву қабилавӣ вуҷуд дорад ва якпорчагӣ дар ин гурӯҳ дида намешавад.

Моҳи июни соли 2022 манобеи маҳаллӣ дар вилояти Панҷшер ба рӯзномаи "8 субҳ" -и Кобул иттилоъ дода буданд, ки Толибони паштунтабор шуморе аз Толибони қавмҳои дигарро бо иттиҳоми ҷосусӣ барои раиси амнияти миллии пешини Панҷшер боздошт карданд.

Аз ин пештар, расонаҳо бо истинод ба суханронии Охунзода дар ҳузури уламои дин навишта буданд, ки ихтилофи назар дар сафи вазирони Толибон низ вуҷуд дорад. Дар он суханронӣ, роҳбари Толибон бо хитоб ба зердастонаш гуфта буд, ки “… агар маро раҳбари худ хонед, ба гуфтаҳои ман итоат мекунед ва агар аз шумо рафтанро талаб кунам, пас меравед”.

Он замон коршиносон хитоби Охунзодаро паёме ба вазирони шӯҳратпарасти ин гуруҳ, пеш аз ҳама, сарпарасти вазорати дифоъ Мулло Яъқуб ва сарпарасти вазорати умури дохила Сироҷиддин Ҳаққонӣ арзёбӣ карданд, ки саъй дорад дар паси парда бо шарикони хориҷӣ музокира кунад ва аз баъзе тасмимҳои роҳбари худ интиқод кунад.

Суханронии ахире, ки ба Охундзода нисбат дода мешавад, дар як навори савтии 22-дақиқаӣ дар Радиотелевизиони милли Афғонистон пахш гардидааст. Аммо ҳеҷ далеле дар мавриди аслӣ ё ҷаълӣ будани ин навор дар даст нест.

Бояд гуфт, ки Охунзода давоми наздики се соли ҳукмронии Толибон дар Афғонистон боре ҳам аз тариқи расонаҳо худро нишон надодааст ва ин боиси пайдо шудани ҳар гуна фарзияҳо оид ба зинда ё мурда будани ӯ гаштааст. Толибон борҳо гуфтаанд, ки роҳбарашон зинда ва дар сари қудрат аст, аммо ҳеҷ далелеро пешниҳод накардаанд.

Дар хусуси суханронии ӯ зимни намози Иди Қурбон ҳам танҳо хабарҳо нашр шудаву наворе намоиш дода нашуд. Танҳо Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи гурӯҳи Толибон бо нашри паёме дар саҳифаи “Х”-и худ ва бидуни аксе аз раҳбарашон аз баргузории намози Иди Қурбон дар Қандаҳор хабар дода, зикр кард, ки “Ҳайбатулло Охундзода дар намоз имоматӣ кард”.

Дар ҳамин ҳол, рӯзномаи “8 субҳ” қаблан ба нақл аз манобеи худ гузориш дода буд, ки Ҳайбатуллоҳ Охунзода зинда нест. CNN ва Foreign Policy низ аз марги ӯ хабар дода ва гуфта буданд, ки раҳбари Толибон дар як ҳамлаи интиҳорӣ дар Кветаи Покистон кушта шудааст.

*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо – "Афғонистон" бихонед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.