“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Лоиҳаи нави Asia-Plus барои дӯстдорони китоб

Asia-Plis

Имрӯз дар ҷомеа нафарони зиёде ҳастанд, ки мегӯянд аз тангии вақт ва кори зиёд наметавонанд ба мутолиаи китоб машғул шаванд. Бо назардошти ин ҳолат “Азия-Плюс” лоиҳаи наверо рӯйи кор овард, то шумо дар баробари кор аз китобҳо ҳам баҳра бигиред. Ин лоиҳа “Аудиктоб” ном дошта, ҳамарӯза соати 5:00 субҳ ва 21:00 шаб тариқи радиои “Азия-Плюс” пахш мегардад.

Ҳамчунин хоҳишмандон метавонанд, сабти китобҳои савтиро, ки дар доираи лоиҳаи “Аудиокитоб” омода мешаванд, аз бахши “Лоиҳаиҳои махсус”-и саҳифаи “Азия-Плюс”, инчунин аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ ва “Телеграм”-и радио дастрас карда, гӯш кунанд.

Ровии ин лоиҳа Субҳон Ҷалилов, рӯзноманигор ва директори барномавии радиои “Азия-Плюс” аст, ки собиқаи зиёди кор дар радиоро дорад. Ӯ мегӯяд, айни ҳол дар интернет китобҳои савтӣ бисёр тарафдор доранд.

“Ман нафаронеро медонам, ки китобҳои савтиро аз саҳифаҳои интернет харидорӣ карда, гӯш мекунанд. Аммо мо хостем китобҳои савтиро барои шунавандаҳоямон тариқи радио ройгон пахш кунем”, – гуфт Субҳон Ҷалилов.

 Ин лоиҳа як ҳафта пеш оғоз гардида, дар доираи он аллакай силсилаи ҳикоёти ҷолиби “Маснавӣ”-и Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ пахш гардида истодаанд. Бо ташаббуси Тоҷикистон ЮНЕСКО имсол 815 солагии Мавлоноро таҷлил мекунад. Субҳон Ҷалилов мегӯяд, ки инро ба инобат гирифта, дар аввал маҳз ҳикоёти Мавлоно Ҷалолиддини Балхиро пахш пахш мекунанд.

Ба гуфтаи Субҳон Ҷалилов, ин лоиҳа аллакай шунавандаи худро пайдо кардааст.

“Ният дорем, ки дар миёни рӯз низ дар ягон вақти муайян китобҳои савтиро барои шунавандаҳоямон пахш кунем, чунки аллакай онҳо ба ин лоиҳа таваҷҷӯҳ зоҳир кардаанд. Баъзеҳояшон мегӯянд, субҳ барнома барвақттар оғоз мешавад ва баъзеи дигар гуфтанд шаб барнома дертар пахш мешавад ва барои онҳо вақташ мувофиқ нест. Ин дархостҳои шунавандаҳоро мо ба назр гирифта, мехоҳем, ки дар миёнаи рӯз ҳам ягон вақт ёфта китобҳои савтиро дар эфир пахш кунем”, – иброз дошт ровии лоиҳа.

Дар айни ҳол “Азия-Плюс” нияти пахши ҳикояҳои “Маснавӣ”-и Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, ҳикояҳои нависандаи халқии Тоҷикистон – Абдулҳамид Самад ва ҳикояҳои нависандаи рус А.П. Чехов дар тарҷумаи Обид Шакурзодаро дорад. 

“Ман фикр мекунам, ки будани китобҳои савтӣ дар замоне, ки мардум ҳамеша саросема ҳастанду вақти кам барои варақ задану хондани китоб доранд, бисёр мувофиқ аст. Чунки мардум дар баробари кор метавонанд, китобҳоро гӯш кунанд. Мо дар сабти китобҳо талош кардем, то садо, банду баст ва ороиши мусиқӣ хуб бошад”, – гуфт Субҳон Ҷалилов.

Ровии лоиҳа бартарии китобҳои савтиро дар он медонад, ки одамон ҳар вақт, ки хостанд, метавонанд онро аз нав гӯш кунанд ва ҳар куҷо, ки хостанд, имкон доранд онро боздошта ва дар вақти мувофиқ давомашро шунаванд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...