Филм дар бораи “Ҷадидия” дар ҷашнвораи Канн ҷоиза гирифт

Шаҳноз Ализода, Asia-Plus

Филми ҳуҷҷатии коргардони ӯзбек Руслан Солиев “Орзупарварон” дар бахши “Беҳтарин филми таълимӣ” дар ҷашнвораи мустақили филмҳои ҷаҳонӣ дар Канн (Фаронса) ғолиб шудааст. Дар ин бора худи коргардон дар саҳифаи фейсбукаш хабар дод.

Ӯ дар саҳифааш навиштааст, дар аввал ин филм дар бахши “Беҳтарин филми таърихӣ” баррасӣ мешуд, вале ҳайати доварон ба хулосае омаданд, ки тамошобинони аврупоӣ тавассути ин филм аз таърихи ҳаракати ҷадидия огоҳ хоҳанд шуд ва барои ҳамин, дар бахши филми таълимӣ ҷоиза додаанд.

“Орзупарварон” ягона филмест, ки аз Осиёи Марказӣ дар даври ниҳоии ҷашнвораи мазкур муаррифӣ шуд.

Филми ҳуҷҷатӣ аз ҷониби BWG Production таҳия шудааст. Он дар бораи ҷунбиши ислоҳотхоҳ бо номи “Ҷадидия” дар Бухоро дар охири асри 19 ва ибтидои асри 20 нақл мекунад. Дар филм пайвандони аъзои ин ҷунбиш андешаҳои худро баён кардаанд.

Дар байни онҳо Ҳамидулло Болтабоев, Қаҳрамон Раҷабов, Дилором Алимова, Бахтиёр Ҳасанов, Тимур Кождуғлу, Сулаймон Иноятов, Хондамир Кодирӣ, Кристофер Ҷеймс Форт, Нигора Раҳимҷонова, Азалшоҳ Ҳамроев, Мавлуда Раҳмонова, Шоҳруҳ Раҳмонова, Рӯдакӣ Раҳмонова, Шухрат Саиджанов , Фуркатбек Яквалхочиев, Адиб Холид, Марианна Камп, Сергей Абашин, Марк Рис ҳастанд, ки дар филм дар бораи ҷунбиши мазкур маълумот додаанд.

Ба навишти хабаргузории Фарғона, дар филм талоши ҷадидон барои нигоҳ доштани ҳувияти миллӣ ва андешаҳои ислоҳотпарварии онҳо, ҳамчунин иштибоҳҳои онҳо зикр гардидааст.

Яке аз нақшҳоро дар ин филм овозхон тоҷик Манижа Сангин иҷро кардааст, ки ин таҷрибаи аввалини ӯ дар олами синамо мебошад.

“Ҷадидия” чӣ гуна ҳаракат буд ва чӣ мехост?

Ҳаракати “Ҷадидия” дар аввал ҷараёни фарҳангию маърифатӣ, сипас ҳамчун ҷараёни иҷтимоию сиёсии ислоҳотхоҳона, охирҳои асри XIX ва аввали асри XX дар байни зиёиёни бедоргаштаи маҳаллии Осиёи Миёна ба вуҷуд омадааст. Фаъолияти ҷадидон ба муқобили зулми иҷтимоӣ ва хурофоту ҷаҳолат, бар зидди ҳукуматдорони бесалиқа ва ноинсоф, уламои манфиатҷӯву муллоҳои ҷоҳил равона шуда буд.

Дар шароити аморати Бухоро, ҳомиёни тартиботи кӯҳна ҳар каси мухолифи ақидаашонро “ҷадид” мегуфтанд. Ҷадидон худро  “ҷавонфикрон”, “маорифпарварон”, “ислоҳотпарварон”, “навпарастон” ва ғайра меномиданд.

Аз оғози асри ХХ мелодӣ дар хоки Аморати Бухоро ва умуман дар минтақаи Фарорӯд ду нерӯи тавонои иҷтимоӣ, нерӯи иртиҷоии мутаассиб ва хурофотпараст ва дигарӣ нерӯи рӯшанфикрони ҷавон, ки мехостанд мардум ҳарчи зудтар ва бештар босаводу бедор шаванд вуҷуд дошт.

Пайравони ҷараёни ҷадидхоҳон ҷавононе буданд, ки дар пайи кӯшишҳо ва фаъолиятҳои бедодгаронаи маорифпарварон чун  Аҳмади Дониш, Шоҳин, Савдо, Возеҳ ва дигарон пайдо шуданд. Шоирон, нависандагон ва донишмандоне чун Фитрати Бухороӣ, Мирзо Сироҷ Ҳакими Бухороӣ, Аҷзии Самарқандӣ, Тошхоҷа Асирии Хуҷандӣ, Садриддин Айнии Бухороӣ, Маҳмудхоҷа Беҳбудии Самарқандӣ, Васлии Самарқандӣ, Домулло Икромчаи Бухороӣ, Сайидризо Ализодаи Самарқандӣ, Сайидҷон Махдуми Назмии Бухороӣ, Абдувоҳид Мунзими Бухороӣ, Муллоаҳмад Хоҷа Меҳрӣ дар шумори ҷадидон буданд. Онҳо бо навиштани шеъру достон, сафарнома, хабару мақола ва монанди инҳо мардумро ба бедорӣ ва навхоҳӣ даъват мекарданд ва рӯзгори мардуми пешрафтаи ҷаҳонро ба онҳо нишон медоданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...